ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ПИРАМАРД ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ БОХТАР ҲАМСОЯАШРО КОРД ЗАДААСТ

Як марди 57-солаи сокини шаҳри Бохтар ба мақомоти милитсия хабар додааст, ки субҳи 29 июл, тахминан соати 9:30, дар бозори ҶДММ “Фаровон”-и ин шаҳр ҳамсояи 66-солааш бо ӯ муноқиша карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Дар бораи сабаби муноқишаи хунин байни ин ду ҳамсояи солхӯрда, ки дар даруни бозор ва дар байни мардум сурат гирифтааст,  ВКД дар хабараш чизе нагуфтааст.

ххххххххххххххх
Як марди 29-солаи сокини ноҳияи  Шоҳмансур як ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳияро ба он айбдор кардааст, ки ин ҷавон  моҳи ноябри соли 2019, дар кӯчаи Айнӣ-28, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 16 ҳазору 800 доллар гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷи кишвар  барояш мошини тамғаи “Ауди-8” оварда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, на мошин овардааст ва на пулашро бармегардонад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 30 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 29-уми июли соли 2021, тахминан соати 9:30-дақиқа дар бозори ҶДММ “Фаровон”-и шаҳри Бохтар ҳамсояаш марди 66-солаи сокини ҳамин шаҳр бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2019, дар кӯчаи Айнӣ-28 ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 16 ҳазору 800-доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷи кишвар автомашинаи тамғаи “Ауди-8” оварда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода маблағҳояшро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button