ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАБСИ РОҲБАРИ ТАРАБХОНАИ “ХУМАЙНӢ” БАРОИ ҒАЛОҒӮЛАИ МУШТАРИЁНАШ (АКС)

РВКД Душанбе хабар дод, ки дар асоси муроҷиати як сокини пойтахт Соҳибназар Алиев, роҳбари тарабхонаи “Хумайнӣ” дар маҳаллаи Гипрозем дар ҷануби пойтахти Тоҷикистонро бо ҷурми вайрон кардани талаботи шаҳрдорӣ ба ҷавобгарӣ кашондаанд. Соҳибназар Алиев бо қарори додгоҳ ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

РВКД гуфт, як сокини пойтахт ба мақомоти милитсия хабар дода буд, ки маъмурияти ин тарабхона берун аз вақти муқарраргардида низ фаъолияташро идома дода, дар бевақтии шаб бо овози баланду гӯшхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии шаҳрвандону сокинони маҳалларо халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона пайваста вайрон менамояд.

Милитсияи пойтахт исми ин сокинро наовардааст, вале чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шавқуну ғалоғӯлаи муштариёни ин тарабхона журналисти шинохта Раҷаби Мирзо шикоят мекард. Ӯ навишта буд, дар ҳоле ки шаҳрдории Душанбе баъди соати 23 фаъолият кардани тарабхонаҳоро манъ кардааст, ин тарабхонаи воқеъ дар Гипрозем баъди соати 24 ва гоҳо соатҳои яку дуи шаб ҳам боз аст ва доду войи мизоҷонаш мардумро намегузорад, ки ором хоб раванд.

“Дар натиҷа муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шуда, муайян гардид, ки нуқтаи мазкур тарабхонаи “Хумайнӣ” ном дошта, онро шаҳрванд Алиев Соҳибназар Ахмедович санаи таваллудаш 3-юми феврали 1967, ҳамчун маъмур роҳбарӣ мекунад. Зимни санҷиш дар ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти тарабхонаи мазкур як қатор норасоӣ ва камбудиҳо ошкор гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мазкур ва мувофиқат намудани фаъолияти тарабхона ба талаботи шаҳрдорӣ як қатор дастуру супоришҳо дода шуд. Аммо маъмури тарабхона Алиев Соҳибназар камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф ва расмияти ҷориро ба танзим надароварда, боз фаъолияташро идома додааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи РВКД Душанбе.

Ба ин далел мақомот ин дафъа танҳо бо ҳушдор иктифо накарда, бо назардошти ҳолатҳои ахир нисбат ба шаҳрванд Алиев Соҳибназар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти тарабхона аз рӯи талаботи қонунгузорӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд ва бо қарори суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Баррасии муроҷиат: ҳабси роҳбари тарабхонаи “Ҳамадонӣ ” барои вайрон кардани тартиботи шабона

  Санаи 28 июл як нафар сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиати электронӣ ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус арз намуд, ки нисбати масъулони тарабхонаи «Ҳамадонӣ» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро ба иттилои муроҷиаткунанда маъмурияти ин тарабхона берун аз вақти муқарраргардида низ фаъолияташро идома дода, дар бевақтии шаб бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии шаҳрвандону сокинони маҳалларо халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона пайваста вайрон менамояд.
  Дар натиҷа муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шуда, муайян гардид, ки нуқтаи мазкур тарабхонаи “Ҳумайнӣ” ном дошта, онро шаҳрванд Алиев Соҳибназар Ахмедович санаи таваллудаш 3-юми феврали 1967, ҳамчун маъмур роҳбарӣ мекунад. Зимни санҷиш дар ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти тарабхонаи мазкур як қатор норасоӣ ва камбудиҳо ошкор гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мазкур ва мувофиқат намудани фаъолияти тарабхона ба талаботи шаҳрдорӣ як қатор дастуру супоришҳо дода шуд. Аммо маъмури тарабхона Алиев Соҳибназар камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф ва расмияти ҷориро ба танзим надароварда, боз фаъолияташро идома додааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Алиев Соҳибназар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти тарабхона аз рӯи талаботи қонунгузорӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button