ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМАЛИЁТИ ФСБ ДАР ТЮМЕН КУШТА ШУДАНД (ВИДЕО)

ФСБ ва Кумитаи тафтишоти Русия  хабар доданд, ки шаби 28 ба 29 июл дар ноҳияи Тюмен дар як амалиёти вижаи раёсати ФСБ вилояти Тюмен ду марди мусаллаҳ, ки қасди анҷоми ҳамла дар қаламрави Тюменро доштанд ва ҳангоми боздошт муқовимат нишон доданд, кушта шуданд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттҳоми сӯиқасд ба ҷони корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва маводи тарканда ва омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Дар видеои фаврии нашршуда мурдаи ду марди кушташуда дар майдоне дар дохили ҷангалзор дар миёни алафзор дида мешавад ва мардони низомипӯш дар он атроф мегарданд.

Мақомот дар бораи амалиёт ва шахсияти кушташудаҳо маълумоти дигар надодаанд, вале нашрияи «Коммерсант Урал»  бо такяи ба манобеи худ хабар дод, ки ин амалиёт дар наздикии шаҳраки Кулаково сурат гирифта, ҳарду марди кушташуда шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки ба гуфтаи ин манобеъ аз ҷониби эмиссари хориҷӣ ҳидоят мешуданд ва узви ДОИШ буданд.

Ба гуфтаи манбаи “Коммерсант”, ин ду нафар вақте кушта шуданд, ки барои гирифтани силоҳ аз махфигоҳи дар ҷангал дурусткардаашон омада буданд. Ҳангоми боздошт онҳо гӯё муқовимат нишон додаанд ва дар натиҷаи таркидани гранатаи дасташон кушта шудаанд.

Ба гуфтаи манбаи “Коммерсант”, аз маҳалли амалиёт пистолет, тир, як варақ бо матни байъат (савганд) ба ДОИШ, ҳамчунин ҷузъҳои маводи тарканда ва нақшаи сохтани бомби худсохт пайдо кардаанд. Ин як “бастаи маъмулӣ” аст, ки мақомоти ФСБ Русия дар пайи боздошт ё аз байн бурдани ҳар нафари гумонбар ба терроризм “пайдо” мекунанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Коммерсант”, “террористҳо” қасд доштаанд, ки дар Тюмен дар ягон макони таҷаммӯи мардуми зиёд ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд. Сомонаи маҳаллии 72.ru хабар дод, ки ин ҳамла, қарор буд, дар иди Рӯзи шаҳри Тюмен анҷом шавад. Вале ба далели бад шудани вазъи пандемия, иди Тюмен имсол ба шакли онлайн доир мешавад.

Дар солҳои пеш низ дар чанд маврид шаҳрвандони тоҷики гумонбар ба қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ аз номи ДОИШ дар Русия аз ҷониби мақомоти ФСБ ҳангоми боздошт гӯё барои муқовимат нишон доданашон ба шакли мармуз кушта шуданд.

Аз ҷониби манобеи дигари мустақил тасдиқ кардани тавҷеҳи мақомот дар мавриди зарурати аз байн бурдани гумонбаршавандагон ва дурустии иттиҳомоти ба зидди ин нафарони кушташуда  эълонгардида, аз ҷумла дар мавриди кушташудагон дар амалиёти Тюмен, тақрибан имкон надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button