ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗХОНДИ САФИРИ МОЛДОВА ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ ЯК ҶАНҶОЛИ ШАҲВОНӢ

Сафири Молдова дар Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон Владимир Головатюк ба Кишинёв бозхонд шудааст. Худи дипломат ва вакили собиқи парлумон аз ҳизби сотсиалист мегӯяд, ки ба рухсатӣ баромадааст. Вале пойгоҳи хабарии Deschide.md хабар дод, ки дар асл Головатюкро ба сабаби даст доштанаш дар як ҷанҷоли шаҳвонӣ дар бинои сафорат дар Маскав фаро хондаанд. Бино ба иттилои нашрия, Головатюк як занеро, ки дар сафорат кор мекард, ба манзили худаш дар қабати болои ҳуҷраи кориаш даъват карда, дар назди ӯ тани урён зоҳир шудааст ва кӯшиш кардааст, ки он занро ба оғӯш бикашад. Ӯ ба зан гуфтааст, ки вайро “ором” кунад.” Вале зан худро аз оғӯши сафир халос карда, мегурезад ва ба пулиси Маскав ва мақомоти Молдова расман аз бадрафтории Головатюк шикоят мекунад.

Ёдовар мешавем, сафири қаблии Молдова дар Тоҷикистон низ дар пайи моҳи ноябри соли 2020 аз мошини дипломатиаш ёфт шудани миқдори бузурги доруҳои анаболик маҷбур ба истеъфо шуда буд. Зоҳиран карйераи сафирии Головатюк низ  бо ҳамин ба поён расид.

Баъди онки вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамоиш бо Аврупои Молдова Владимир Головатюкро аз Маскав бозхонд, ӯ дар суҳбат бо хабарнигори пойгоҳи хабарии Deschide.mdизҳор дошт, ки ба сабаби ба рухсатӣ баромаданаш ба Молдова омадааст. “Рухсатии ман мебоист моҳи июн мешуд, вале ба сабаби интихоботи парлумонӣ ман маҷбур шудам рухсатиамро ба таъхир гузорам”,  гуфтааст Головатюк.

Вале ӯ аз шарҳи овозаҳои бархоста пиромуни ҷанҷоли шаҳвонӣ бо иштироки ӯ сарпечӣ карда, гуфтааст, мавзӯъҳои дигарро шарҳ намедиҳад.

Даниэл Водэ, раҳбари хадамотим атбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамоиш бо Аврупои Молдова гуфтааст, қазияи ҷанҷоли шаҳвонӣ таҳти таҳқиқ қарор дорад ва вазорат танҳо баъди анҷоми тафтишот дар ин бора изҳорот хоҳад дод.

Вале ба хабарнигорони Deschide.md муяссар шудааст, ки бо тарафи дигари ҷанҷоли шаҳвонӣ дар бинои сафорати Молдова дар Маскав суҳбат кунад.

Ин зан гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 9 июл рӯй дода буд: “Вай маро ба қароргоҳи худ, ки дар даруни сафорат, як қабат боло аз ҳуҷраи кориаш ҷойгир шудааст, даъват кард. Ӯ гуфт, дудила аст, ки барои шом кадом либосро бипӯшад. Вақте ман даромадам, дар танаш ягон либос надошт. Ӯ аз ман пурсид, ки чӣ бипӯшад. Вай сипас кӯшиш кард, ки маро ба оғӯш бигирад. Гуфт, ки дар чунин ҳолат наметавонад аз хона берун барояд ва бояд оромаш кунам. Ман худро халос кардам ва гурехтам ва даррав ҳамкорам дар сафорат ва пулиси Русияро хабардор кардам.”

Ин зан меафзояд, ки Владимир Головатюк баъди рӯи об баромадани ин ҷанҷол ба туҳмат кардани вай шурӯъ карда, кӯшиш кардааст, ки дар чашми мақомоти Молдова вайро ҳамчун як зани сабукпо намудор ва шарманда кунад. “Ман бояд доғи бузург дар доманам, ки ӯ боқӣ гузошт, аз сафорат бармегардам”, гуфтааст ин зан.

Матбуоти Молдова менависад, Владимир Головатюк қаблан ҳам қаҳрамони чанд ҷанҷол шуда, аз ҷумла ба қочоқи равғани суғур, ба кор гирифтани ронандаи ҳуҷҷатҳояш қалбакӣ айбдор мешуд. Телеграм-канали «За кулисами дипломатии» навишт, ки Голиватюк ҳамчунин маъшуқааш Оксана Суручанро бардурӯҳ корманди сафорати Молдова муаррифӣ карда, барои ӯ дар Русия корти аккредитатсияи дипломатӣ гирифта додааст.

Тибқи қонунҳои Молдова барои тамаъҷӯии шаҳвонӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи бузург, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз 140 то 240 соат ваё то 3 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button