ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ ТОҶИКҲОВУ ЧЕЧЕНҲО ДАР ПЕТЕРБУРГ. БОЗДОШТИ БЕШ АЗ 70 МУҲОҶИР

Шаби 28 июл, соати 21, дар назди меҳмонхонаи “Белые ночи” дар хиёбони Болшевикҳо, 54/1, дар шаҳри Санкт Петербург муноқишаи маишии байни муштариёни ин ҳостел аз Тоҷикистон ва Чеченистон ба занозании гуруҳӣ печида, бо боздошти беш аз 70 нафар анҷом ёфтааст.

Дар натиҷаи занозанӣ ду ҷавони чечен, яке 23- ва дуюмӣ 25-соларо бо аломатҳои ҷунбидани майнаи сар дар бемористони Мариинская ва Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” ба номи Ҷанелидзе бистарӣ кардаанд.

Манобеи нашрияҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар меҳмонхонаи “Белые ночи”  4 тоҷик бо 6 чечен дастбагиребон шудаанд. Сабаби муноқиша ҳанӯз рӯшан нест.

Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса 9 тан аз иштироккунандагони занозанӣ ва ҳамин тавр, ҳудуди 70 нафар аз бошандагони меҳмонхонаро, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд, дастгир кардаанд.

Шумори афзояндаи муноқишаҳо ва занозаниҳо байни муҳоҷирон дар вақтҳои охир мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст.

ВКД Русия рӯзи 28 июл дар сомонаи расмиаш ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард. Дар ҳушдори ВКД Русия чунин омадааст:

«Вақтҳои охир муноқишаҳо байни шаҳрвандони хориҷӣ зиёд шуда, бархе аз ин муноқишаҳо ба сурати оммавӣ ва дар маҳзари ом сурат гирифтанд. Чунин занозаниҳо дар чанд минтақаи Руси, аз ҷумла дар вилоятҳои Амур, Маскав, Свердловск, ҷумҳурии Доғистон, ҳамчунин дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург мушоҳида шуданд.

Амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ҳамроҳ бо аъмоли хушунатомезе, ки ба ҳаёт ва амнияти шаҳрвандон таҳдид эҷод мекунанд, ҳамчунин бо истифода зӯроварӣ нисбат ба намояндагони мақомот, мамоният ба фаъолияти ороми ниҳодҳои давлатӣ ва ҳаракати нақлиёт сурат гирифтаанд.

Мақомоти додгоҳӣ ин шаҳрвандони хориҷиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, ба 15 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

Бо дарназардошти хатари ҷамъиятии аъмоли анҷомшуда дар мавриди ба қаламрави Русия роҳ надодани ин шаҳрвандони хориҷӣ қарор қабул шудааст. Агар онҳо мустақилона қаламрави Русияро тарк накунанд, дар мавриди депортсия (маҷбуран берун кардан)-и онҳо чораҳо андешида хоҳанд шуд.”  (ПОЁНИ ИҚТИБОС)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button