ВарзишВидео

СИЁВУШ ЗУҲУРОВ НИЗ ДАР ОЛИМПИАДА ШИКАСТ ХӮРД

Рӯзи 29 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров, ки дар даври аввал озод буд, якбора аз даври ҳаштякфиналӣ  дар вазни +91кг вориди мубориза шуд. Вале Сиёвуш Зуҳуров дар нахустин рақобати худ аз намояндаи Фаронса Мурод Алиев бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд. Ба ин тартиб, Бозиҳои олимпии Токио барои Сиёвуш Зуҳуров низ тамом шуд.

Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио се муштзан намояндагӣ мекунанд. Рӯзи 25 июл муштзани дигари тоҷик Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг аз варзишгари Чин Даксиан Ченг бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.
Ҳоло аз байни муштзанҳои тоҷик танҳо Баҳодур Усмонов ҳаққи идомаи рақобатҳо дар Токоро ҳифз кардааст. Ӯ рӯзи 25 июл дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва акнун рӯзи 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов, муштзани қазоқтабор аз Ӯзбекистон вориди рақобат мешавад.

Рӯзи 30 июл танҳо нафари боқимонда аз 4 гуштингир дар тими олимпии Тоҷикистон Темур Раҳимов дар гуштини дзюдо дар вазни +100кг гуштин мегирад. Ҳарифи нахустини ӯ Эндӣ Гранда аз Куба мебошад.

 Ҳамчунин рӯзи 30 июл Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат шурӯъ мекунанд.

Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд. То кунун 5 узви тими олимпии Тоҷикистон: муштзанҳои Шаббос Негматуллоев ва Сиёвуш Зуҳуров ва дзюдочиён Акмал Муродов, Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳ Устопириён Бозиҳои олимпии имсоларо бе медал ҷамъбаст карданд.

Тоҷикистон, мутаассифона, то имрӯз дар Токио ягон медал ба даст наовардааст.

Ёдовар мешавем, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ваъда дода буд, ки шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон барои он варзишгарони тоҷике, ки дар Бозиҳои 23-юми тобистонаи олимпӣ дар Токио соҳиби унвони қаҳрамони олимпӣ мешаванд, хонаи чорҳуҷрагӣ ҷудо хоҳад кард. Ҳамин тавр, тибқи ваъдаи шаҳрдорӣ, барои онҳое, ки ба хазинаи тими олимпии Тоҷикистон медали нуқра меоранд, дар пойтахт  хонаи сеутоқа ҷудо мекунанд ва барои онҳое, ки медали биринҷӣ ба даст меоранд, хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа хоҳанд кард.

Ҳамчунин, аз фонди президенти Тоҷикистон барои варзишгароне, ки дар Олимпиада соҳиби медали тилло мешаванд, 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷоиза ҷудо карда мешавад. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button