ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ ҚУРБОНИЁНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР МОҲИ ИЮЛ БА 30 НАФАР РАСИД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 28 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ  84 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шудааст. Ин ҳамагӣ 4 маврид камтар аз 88 ҳолати рекордист, ки дар Тоҷикистон як рӯз қабл, 27 июл сабт шуда, баландтарин нишондиҳанда  дар соли 2021 ба шумор меравад.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 68 гирифтори коронавирус пас аз муолиҷа шифо ёфта, боз як нафар, мутаассифона, вафот кардааст. Ин шумораи фавтидагон танҳо дар моҳи июлро ба 30 нафар мерасонад. Июл аз нигоҳи маргумир аз коронавирус пурқурбонитарин моҳ барои Тоҷикистон аз замони шурӯи пандемия шудааст.

Дар умум, бар асоси омори расмии вазорат, то шоми 28 июл дар Тоҷикистон 14 845 мавриди гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то шоми 28 июл 14 313 нафар, ё 96,4% аз шумори умумии сироятшудагон шифо ёфта, вале 120 нафар фавтидаанд.

Тибқи ин омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористонҳо дар умум 413 нафари ба коронавирус сироятшуда таҳти табобат қарор доранд. Вазорат қаблан гуфта буд, ки ба ҳисоби онҳо, ҳар нафари панҷум дар Тоҷикистон ин бемориро дар шакли вазнин мегузаронад.

Вазорати тандурустӣ риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва тавсияҳои табибон ва ҳамин тавр, ваксина гирифтан аз коронавирусро роҳи аз ҳама муассири мубориза бо пандемия мешуморад.  Дар ин ҳафта Тоҷикистон аз Амрикову Чин ба таври ройгон мутобиқан 1,5 миллион ва 2 миллион вояи ваксина ба даст овард ва 28 июл дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназании оммавӣ шурӯъ шуд. То кунун маъракаи ваксиназанӣ дар Тоҷикистон асосан бо чанд шаҳри бузург маҳдуд мешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button