ВидеоҶомеа

ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ЯК ДУХТАРИ МЕҲМОН АЗ ДАСТИ ДУГОНААШ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар барномаи телевизиониаш “Ахбори ВКД” тафсилоти куштори як духтар аз ҷониби духтари дигар дар ноҳияи Панҷро нақл кард.

Бино ба гузориши Офоқи Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон,  ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Панҷ телефонӣ хабар додаанд, ки дар деҳаи Оқсойи ҷамоати Намуна як зан худро овехтааст.

Вале мақомоти тафтишотӣ дар пайи ба ҷои ҳодиса рафтан ва аз назар гузарондани манзили Боболова Дилрабо, с.т. 1994, ҷасади Шарипова Шоира, с.т. 2000, сокини ҷамоати Кирови ноҳияи Вахшро бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд.

Дар рафти тафтиш маълум шудааст, ки Боболова ва Шарипова чанд вақт боз бо ҳам дӯстӣ доштаанд ва он шаб низ Шарипова дар хонаи Боболова дар меҳмонӣ қарор доштааст. Аммо дар пайи истеъмоли машрубот дар ҳолати мастӣ байни ду дугона муноқиша сар мезанад ва дугонаҳо якдигарро латтукӯб мекунанд. Дар ҷараёни муноқиша Боболова бо табар ба сари Шарипова чанд зарба зада, дар ниҳоят ӯро бо ноқил буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст.

Боболова баъди ин ба анҷомхона рафта, худро ба дор кашидааст. Вале аҳли оила аз ин огоҳ шуда, Дилрабо Боболоваро аз ҳалқаи дор берун кашида, наҷот додаанд.

Худи Дилрабо Боболова, ки дар гарданаш изи кӯшиши худкушиаш ҳанӯз дида мешавад, дар ин гузориш ҳодисаро чунин нақл мекунад: “Берун рафтам, табарро овардам ва гуфтам, ки агар боз як бори дигар сари маро вайрон кунӣ, ба Худо, мезанамат. Табарро дар барам мондаму дароз кашидам. Лекин вай боз ҳақоратшапак кард. Ман хестам, рафтам, бо табар ба сараш задам. Дидам, ки аз сараш хун омад, тагсарӣ пур аз хун шуд, баъд кабелро овардам, боз бо кабел ҷуқидамаш. Баъди ин мурд ва ман ҳам рафтаму  бандро гирифтам ва дар оғил худамро ба дор кашидам…”

Нисбат ба Боболова бар асоси моддаи 104 Кодекси  ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ дастикам 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button