ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ҲУШДОРИ ВКД РУСИЯ БА МУҲОҶИРОН: КАСЕ ЗАНОЗАНӢ КУНАД, ДЕПОРТАТСИЯ МЕШАВАД!

ВКД Русия рӯзи 28 июл дар сомонаи расмиаш ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард. ВКД Русия гуфт, агар онҳое, ки барои иштирок дар занозаниҳои ахир маҳкум ба 15 рӯзи ҳабс шуданд, мустақилона қаламрави Русияро тарк накунанд, онҳоро маҷбурн депортатсия хоҳанд кард.

Ин ҳушдор дар пайи занозании шаби 12 июл дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” дар шаҳри Маскав аст, ки дар пайи он дар пойтахти Русия чанд ҳафта боз тафтиши муҳоҷиронро хеле шадидтар кардаанд. Пулиси Маскав он вақт хабар дода буд, ки 103 иштирокчии занозанӣ дар Кузминкиро дастгир кардаанд ва онҳоро аз қаламрави Русия ихроҷ карда, қисмеро аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар низ маҳрум мекунанд.

Дар ҳушдори нашршуда дар сомонаи ВКД Русия чунин гуфта мешавад:

 «Вақтҳои охир муноқишаҳо байни шаҳрвандони хориҷӣ зиёд шуда, бархе аз ин муноқишаҳо ба сурати оммавӣ ва дар маҳзари ом сурат гирифтанд. Чунин занозаниҳо дар чанд минтақаи Руси, аз ҷумла дар вилоятҳои Амур, Маскав, Свердловск, ҷумҳурии Доғистон, ҳамчунин дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург мушоҳида шуданд.

Амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ҳамроҳ бо аъмоли хушунатомезе, ки ба ҳаёт ва амнияти шаҳрвандон таҳдид эҷод мекунанд, ҳамчунин бо истифода зӯроварӣ нисбат ба намояндагони мақомот, мамоният ба фаъолияти ороми ниҳодҳои давлатӣ ва ҳаракати нақлиёт сурат гирифтаанд.

Мақомоти додгоҳӣ ин шаҳрвандони хориҷиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, ба 15 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

Бо дарназардошти хатари ҷамъиятии аъмоли анҷомшуда дар мавриди ба қаламрави Русия роҳ надодани ин шаҳрвандони хориҷӣ қарор қабул шудааст. Агар онҳо мустақилона қаламрави Русияро тарк накунанд, дар мавриди депортсия (маҷбуран берун кардан)-и онҳо чораҳо андешида хоҳанд шуд.

Барои ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон Вазорати корҳои дохилии Русия барои пешгирӣ аз амалҳое, ки ба тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, аз тамоми чораҳои дар қонунгузории Русия пешбинишуда кор мегирифт ва кор хоҳад гирифт. Шаҳрвандони хориҷие, ки даст ба қонуншиканӣ ва ҷиноятҳо мезананд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳанд шуд.” (ПОЁНИ ИҚТИБОС)

Муҳоҷирони тоҷик шикоят мекунанд, ки баъди занозании Кузминки пулис ва дигар мақомоти интизомӣ ҳоли онҳоро дар шаҳру вилояти Маскав бадтар кардааст ва  бо ҳадафи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон пайваста рейдҳо доир мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button