ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАКИ ХУРДСОЛ ДАР ДУ САДАМА ДАР КӮЛОБ ВА ШУҒНОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар ду садамаи рӯзи 28 июл дар наздикии шаҳри Кӯлоб ва дар ноҳияи Шуғнон ду кӯдаки 4 ва 5-сола зери чархи мошин монда, ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла, рӯзи 28 июл, тахминан соати 11:00 ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Набиев Абдурозиқ Абдухолиқович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод дар ҳудуди ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб пиёдагарди хурдсол, Набизода Сардор Некрӯз, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол, Набизода С.Н. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 28-уми июли соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи мошини тамғаи “Тойота Кемри”, Амадбеков Содиқ Амадбекович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хоруғ ҳангоми ҳаракат дар километри 640-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон хурдсол, Шамиров Денис Салимович, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Навободро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол, Шамиров Д.С дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафтиши ҳодисаҳои мазкур идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button