ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ЗАНИ ТОҶИКРО ДАР МАСКАВ ДАР МАРГИ ГУРБА ГУНАҲКОР КАРДА, 10 КОРД ЗАДААНД

Рӯзи 27 июл, як марди сокини Маскав як зани 49-сола аз Тоҷикистонро, ки қаблан дар хонаи онҳо хидматгорӣ мекард, дар марги гурбаи дӯстдоштааш, айбдор карда, қариб куштааст. Ин мард ба қафаси синаи зан 10 корд задааст.

Шабакаи «360»  аз қавли мақомоти фавқулодда хабар дод, ки ин ҳамла рӯзи 27 июл дар як манзил дар кӯчаи Кусково сурат гирифта, ҷабрдида ҳоло дар ҳолати хеле вазнин дар беморхона аст.

Бино ба иттилои РЕН ТВ, Зулфия ягон ним сол пеш ба як пиразани нафақахӯр дар рӯбучини хонааш кумак мекард. Баъди анҷоми рӯбучини хона ва таҳияи хӯрок барои соҳибхона хидматгори зани тоҷик аз он хона меравад, вале чанде баъд гурбаи соҳибхона ногаҳон мемирад.

Писари соҳибхона фикр мекунад, ки хидматгорзан ба гурба ягон хӯроки равғанин дода, сабабгори марги вай шудааст. Ӯ чанд моҳ нақшаи ҳамла ба хидматгори собиқи модарашро кашида, билохира муайян мекунад, ки ӯ ҳоло дар як хона дар кӯчаи Кусково хидматгорӣ мекунад.

Мард бо роҳи фиреб тавассути телефон худро курйер муаррифӣ карда, ба он хона меояд ва зани тоҷикистонӣ бехабар аз нақшаву нияти бади он мард дарашро мекушояд. Мард баробари кушода шудани дар занро ба марги гурбааш айбдор карда, ба қафаси синааш на камтар аз 10 зарбаи корд задааст ва сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Баъди боздошти мард, модараш гуфтааст, ки ӯ мушкили равонӣ дошт. Модараш иқрор кардааст, ки ӯро пеши духтурони равоншинос мебурд, вале ба касе намегуфт. Аммо ин метавонад дурӯғ ҳам бошад ва шояд модар мехоҳад писарашро бо ин роҳ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҳамлаи хунин ба хидматгорзани бечора халос кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button