
Дар фурудгоҳи Красноярск аз бағочи як сокини 26-солаи вилояти Иркутск, ки аз Тоҷикистон меомад, як бастаи бузурги таҷҳизоти сартарошию риштарошӣ пайдо кардаанд.
Ӯ ба кормандони гумрук гуфтааст, ки ин ҳамаро барои истифодаи шахсиаш овардааст. Вале ба бовари мақомоти гумрук, касби ӯ зоҳиран сартарош аст, ки ин қадар моли зиёди ришгирию сартарошӣ бо худ овардааст.
Кормандони гумрук аз ҷомадони ин мусофир 27 моле, ки ӯ мебоист дар эъломияи гумрукӣ нишон медод, пайдо ва мусодира кардаанд.
Бар илова 10 мошинкаи ришгирии тамғаи «ROZIA» ва 4 қайчии тамғаи «Solingen, тавре ташхис нишон дод, қалбакӣ будаанд.
Мақомоти гумруки Красноярск нисбати ин зодаи Тоҷикистон, ки дар Иркустк зиндагӣ мекунад, бо иттиҳоми кӯшиши ғайриқонунӣ ба Русия ворид кардани молҳои қочоқӣ ва қалбакӣ 4 парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд. Ӯро бар асоси се парванда алакай 11 ҳазор рубл ҷарима бастаанд ва баррасии парвандаи чорумаш дар додгоҳ ҳанӯз идома доштааст.

