ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ПИСАРИ АММАИ ХУДАШРО БАРОИ ҶОИ КОР КУШТААСТ (3 АКС)

Рӯзи 25 июл дар шаҳри Обнински вилояти Калуга дар як нуқтаи шустушӯи мошинҳо байни ду хешу табори наздик аз деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон муноқиша рух додааст.

Дар ҷараёни муноқиша Носир Сафаров, соли таваллудаш 1991, ба қафаси синаи писари аммаш Парвиз Саидмуродов, соли таваллудаш 1987 як зарбаи корд задааст. Мутаассифона, корд рост ба қалби Парвиз расидааст ва ӯ аз хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст.

Носир Сафаров оқибати кори кардаашро дида, аз ҷои ҳодиса рӯ ба фирор овардааст.  Пулис ӯро ҳоло ҳамчун гумонбари қатли аммабачааш таҳти кофтукови расмӣ қарор додааст. Ба куҷо ғайб задани ӯро феълан касе, аз ҷумла ҳамдеҳагонаш, ки низ дар Обнинск кор мекунанд, намедонанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, соҳиби корхонае, ки Носир Сафаров ва Парвиз Саидмуродов кор мекарданд, аз қазо мошини “Газел”-ашро, ки бояд ба Носир медод, ба писари аммаи ӯ Парвиз додааст.

Ин ба Носир алам кардааст ва ӯ “ту маро дар назди шеф ганда кардӣ” гуфта, ба Парвиз ҳамла кардааст. Ҳамлаи фарҷомаш хунине ки зиндагии ду ҷавони тоҷикро ба ҳам зад: Парвизро аз зиндагӣ маҳрум кард ва қотили ӯ Носирро дар ҳоли фирор қарор дод…

Ҳоло муҳоҷирони тоҷик дар Обнинск ба раҳбарии Илҳом Бурҳонов  пул ҷамъ карда истодаанд, то ҷанозаи Парвизро барои гӯручӯб ба Ватан бифиристанд. Қарор аст, ҷанозаи ин ҷавони номуродро рӯзи 29 июл роҳии Тоҷикистон кунанд.

Ҷавоне, ки бо ду дасту ду пои бутун ва бардаму солим бо нияти кор ба Русия омада буд, акнун барои охирин бор  дар тобут ба Ватан, ба пеши азизони худ бармегардад. Барои охирин бор бармегардад, ки дар ду метр хоки Ватан барои абад ором бигирад ва аз ҳама гиру дори ин дунё фориғ ва  аз ин ҳама азоби муҳоҷирату мардикорӣ билохира халос шавад…

Ҳар сол дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button