ВидеоСиёсатТоҷикистон

ХИЗМАТЧИИ ҲАРБӢ БАРОИ СУҲБАТҲОЯШ БО МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ВА ҲУСЕЙН АШӮРОВ БА 7 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Абдусаттор Мирзоев, сарбори анбори лавозимоти алоқа ва воситаҳои фаннии муҳофизатӣ-муҳандисии қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистонро бо бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми мусоидат ба фаъолияти созмонҳои бо қарори додгоҳ ғайриқонунӣ эълоншуда бо истифода аз Интернет) ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, “Мирзоев  Абдусаттор Абдураҳимович дар давраи адои хизматаш даст ба ҷиноят ба муқобили асосҳои сохтори конститусионӣ ва амнияти давлат задааст, ки моҳияти он дар мусоидат кардан дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ зоҳир мегардад.”  

Абдусаттор Мирзоев гӯё дар суҳбат бо Муҳаммадиқболи Садриддин розӣ шудааст, ки дар сурати оғози “инқилоб” дар Тоҷикистон ба оппозитсия кумак карда, воситаҳои алоқаро дар маҳбасҳо аз кор барорад ва нирӯи барқро хомӯш кунад. Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин ба “Бомдод” гуфт, ин нафареро, ки бо ҷурми гӯё суҳбат бо сардабири “Ислоҳ” ба  7 соли маҳбас маҳкум шудааст, аслан намешиносад.

Назари худи Абдусаттор Мирзоев ё наздиконаш ба ин иттиҳом дастрас нест, вале бино ба фарзияи тафтишот,  ки маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 28 июл, қариб се моҳ баъди судури ҳукми Абдусаттор Мирзоев нашр кард, “Мирзоев А.А. аз аввалҳои соли 2020 ақидаҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон”-ро, ки дар асоси Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардида, фаъолияташ қатъ карда шудааст, ҷонибдорӣ кардааст.”

 Ӯ  аз ҷумла ба он гунаҳкор дониста шуд, ки “аз аввалҳои соли 2020 то 6 январи соли 2021 мунтазам бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ва телефони мобилӣ шабона ҳангоми аз қисми ҳарбӣ баромадани афсарон, дари утоқи кориашро аз дохил маҳкам карда бо аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Садурдинов Муҳаммадиқбол Қаландарович ва Ашӯров Ҳусейн, ки бо сабаби амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ дар кофтукови расмӣ қарор доранд, дар тамос шуда, аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён намуда, изҳор кардааст, ки омода аст, дар ба амал баровардани фаъолияташон иштирок намуда, ба онҳо кӯмак расонад.”

Муҳаммадиқбол Садурдинов (Муҳаммадиқболи Садриддин) муҷрии сомонаи “Ислоҳ” ва канали “Ислоҳ ТВ” дар Ютуб мебошад, ки каналаш яке аз каналҳои аз ҳама пуртамошобини мухолифин дар Интернет ба шумор меравад. Ҳусейн Ашӯров яке аз роҳбарони ҳаракати оппозитсионии низ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” буда, дар Ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи “Ҳақ ва ботил”-ро мечархонад, ки низ ҳар барномааш даҳҳо ҳазор тамошобин ҷамъ мекунад. Барномаҳои ҳам Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳам Ҳусейн Ашӯров бештар ба шакли гуфтугӯҳои мустақим бо мардум ба роҳ андохта мешаванд ва дар ҷараёни ин барномаҳо одамони зиёде аз ҷумла аз дохили Тоҷикистон ба онҳо занг зада, аз ҳукумат интиқод ё тарафдорӣ мекунанд.

Бино ба гузориши Додситонии кулл, гӯё зимни суҳбатҳо “Садурдинов М.Қ. Мирзоев А. А.-ро талқин намудааст, ки сабр намуда, интизор бошад ба қариби инқилоб оғоз мешавад ва онҳо сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи зӯроварӣ тағйир дода, мушкилоташро ҳал менамоянд.   Дар як вақт Мирзоев А.А. вазифадор гардидааст, ки зимни оғоз гардидани инқилоби ба нақша гирифтаи онҳо ӯ, ки дар қисми ҳарбӣ вазифааш мутахассиси воситаҳои муҳофизатӣ, мӯҳандисӣ ва алоқа буда, пайваста ба таъмир, васлу насби равшанидиҳандаҳо ва хатти алокаи ҳайати каровулии муассисаҳои ислоҳӣ мебошад, ба онҳо мусоидат намуда, дар ҳолати дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ cap задани ошӯби маҳбусон, ки тибқи нақшаи ҷинояткоронаи онҳо пешбинӣ шудааст, воситаҳои алоқа ва қувваи барқро дар ин муассисаҳо ҳамчун мутасаддии он хомӯш намуда, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои ин ташкилоти террористӣ- эксртемистӣ мусоидат намуда, саҳм бигузорад.”

Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин рӯзи 28 июл ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, нафареро бо номи Абдусаттор Мирзоев, ки бо ҷурми гӯё суҳбат бо сардабири пойгоҳи “Ислоҳ”  маҳкум ба 7 соли маҳбас шудааст, аслан намешиносад.

Инҳо пас аз инки мо аз ҳолати зиндонҳо навиштем ва роҳбарияти ин ниҳодро мудаллал ба амалҳои хашине, ки дар зиндонҳо сурат мегирад, баён доштем, ин корҳоро барои тарсонидан мекунанд. Дар ҳолате ин шахсро аслан намешиносам, ҳеҷ ҳамкорие бо ӯ надоштем ва ҳеҷ маълумоте ба Ислоҳ нарасонидааст”,  – гуфт сардабири “Ислоҳ”.

Вақтҳои охир муҷозоти шаҳрвандон барои ҳамкорӣ бо нашрияҳои мухолифин, бахусус барои ҳамкорӣ бо Муҳаммадиқболи Садриддин ва “Ислоҳ” афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла Муҳаммадсодиқ Саидов, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Нонвойи поёни шаҳри Кӯлоб ва фарзанди Домулло Холмурод, як рӯҳонии маъруф дар минтақаи Кӯлоб,  низ бо ҷурми “ҳамкорӣ бо Муҳаммадиқболи Садриддин” ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Саидов рӯзи 28 марти соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти амниятӣ дастгир шуда буд.

Иззатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоб, ҳафтаи гузашта дар нишасти хабариаш гуфт, дар додгоҳ гуноҳи имомхатиб “тасдиқ шудааст”.

“Аз 1-уми феврал то 4-уми марти имсол ба Муҳаммадиқболи С. тавассути телефони мобилӣ иртибот пайдо карда, нусхаи мавъизаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи динро ба воситаи Фейсбук фиристодааст. Ба ғайр аз ин, маълумотро дар бораи вазъи кунунии Кӯлоб ва роҳбарияти он ирсол кардааст”, — гуфтааст Иззатулло Табарзода. Муҳаммадиқболи Садриддин бо “Ислоҳ” ҳамкорӣ доштани Муҳаммадсодиқ Саидовро низ рад карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button