ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ХИТОЙ БА ТОҶИКИСТОН 2 МИЛЛИОН ВОЯ ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ТУҲФА КАРД (7 АКС)

“Ховар”, хабаргузории расмии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28 июл аз Ҷумҳурии Мардумии Чин (Хитой) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 ва сӯзандору ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд. Рӯзи 26 июл Амрико низ ба Тоҷикистон 1,5 миллион воя ваксинаи “Модерна” эҳдо карда буд.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба “Ховар” гуфт, ба ин тартиб, то имрӯз ба Тоҷикистон беш аз 4 миллион воя ваксина ворид гардида, ин имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназании оммавӣ аз коронавирус ба роҳ монда шавад.

То имрӯз  дар Тоҷикистон зиёда аз 474 ҳазор нафар ваксина гирифтаанд. Тибқи нақша, бояд ҳамаи 5,8 миллион аҳолии аз синни 18 болои кишвар ваксина зада шаванд.  Ваксинаи зидди коронавирус дар Тоҷикистон ройгон буда, бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ аз 3 июл ваксина гирифтан аз коронавирус барои тамоми аҳолии калонсол ҳатмӣ эълон шудааст.

Бино ба гузориши “Ховар”, рӯзи 28 июл дар маросими қабули 2 миллион ваксинаи Хитой муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи сафорати Чин дар Душанбе иштирок доштанд. Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ки бино ба хабарҳо, рӯзи 20 июл аз ҷониби хоҳарзодаҳои президент Эмомалӣ Раҳмон латтукӯб шудааст, дар ин маросим низ иштирок надошт. Мақомоти вазорати тандурустӣ исрор меварзанд, ки Абдуллозода барои музокирот барои ба Тоҷикистон овардани ваксинаҳои русии “Спутник” ба Маскав рафтааст, вале хабари сафари ӯ ба Маскавро то имрӯз ягон ниҳоди давлатии Русия тасдиқ накардааст.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки  «тибқи тавофуқи пешакӣ байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба дастрас намудани кумакҳои башардӯстона ва таъмин намудани  Тоҷикистон бо ваксина ҷиҳати мубориза бо бемории сироятии нави коронавируси COVID- 19 дар навбати дуюми кумакҳои башардӯстона имрӯз 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс»-и  ширкати «Sinovac»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид шуд. Аз рӯи нақшаи чорабиниҳо ва тақсими ваксинаҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ шурӯъ аз имрӯз ваксинаҳои воридшуда ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста ба шумораи аҳолии мақсаднок тақсим мегарданд ва ин тақвияти маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти нави коронавирус дар Тоҷикистон мебошад».

Чин моҳи июн низ ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя касинаи «CoronaVaс»-ро ройгон эҳдо карда буд.

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷафаров, дар назар аст, ки ҳафтаи оянда, яъне дар аввали моҳи август тавассути механизми байналмилалии COVAX ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бастаҳои иловагии ваксинаи «AstraZeneca» низ ворид карда шаванд.

«То имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4 миллион  воя ваксина ворид шуда, самаранок истифода шуда истодаанд. Ҳоло талаботи аҳолии мамлакат низ ба гузаронидани ваксина зиёд шуда истодааст. Зеро ҳамагон медонанд, ки ягона роҳи пешгирӣ ва наҷот аз ин сироят- ваксинакунонӣ мебошад. Аз ин лиҳоз вобаста ба шароит ва имконияти фароҳамшуда ба тамоми аҳолии мамлакат муроҷиат намуда, гуфтаниям, ки ба муассисаҳои тиббии маҳалли истиқоматии худ муроҷиат намуда, ваксина гиранд ва худро аз беморӣ эмин нигоҳ доранд»,- афзудааст Наврӯз Ҷафаров.

Аз 28 июл дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназании оммавӣ шурӯъ шуд. То кунун маъракаи ваксиназанӣ дар Тоҷикистон асосан бо чанд шаҳри бузург маҳдуд шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button