ВидеоДин ва боварҳоСиёсатҲуқуқи инсон

АВВАЛ БА ДУЗДӢ АЙБДОР ШУД, БАЪД – БА ТУНДГАРОӢ. БОЗДОШТИ МУҲРИДДИН ЭМОМОВ, КИ БО ВАЪДАИ АФВ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТА БУД

Собиқ лейтенанти калони Агентии мубориза бо маводи мухаддир ва ВКД Тоҷикистон Муҳриддин Эмомов, ки моҳи феврали соли 2020 бо ваъдаи афви мақомот аз Туркия ба Тоҷикистон баргашта буд, боздошт ва ба ифротгароӣ айбдор шудааст.

Майдабӣ Худоёрова, модари Муҳриддин Эмомов, ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро мақомоти амниятӣ ҳанӯз рӯзи 7 июл дар ноҳияи Вахш дастгир кардаанд. Муҳриддин Эмомов дар ноҳияи Вахш ба сар мебурд ва баъди бозгашташ аз Туркия дар як ошхона кор мекардааст.

“Мақомоти амниятӣ ӯро барои гӯё як дуздӣ дар ошхона дастгир карда, дертар барои ба дигарон фиристодани матлабе дар Интернет муттаҳам намудаанд. Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 307, иловаи 2 (тундгароӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) парванда кушодаанд”, — хабар додааст Майдабӣ Худоёрова ба Озодӣ. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мақомоти амниятии вилояти Хатлон то ҳол дар мавриди ин парванда шарҳе надодаанд.

Ҳоло Муҳриддин Эмомов дар боздоштгоҳи Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

Робия Эмомова, хоҳари Муҳриддин Эмомов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, барои мулоқот ба боздоштгоҳ рафт, вале “бинобар ҳузур надоштани муфаттиш иҷозаи ворид шудан надоданд”.

Мӯҳриддин Эмомов 37 сол дошта, аз соли 2015  то феврали соли 2020 дар шаҳри Истанбули Туркия кору зиндагӣ мекард. Ӯ аз соли 2007 то 2013 дар Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва сипас то сафараш ба Туркия дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе кор кардааст ва унвони лейтенанти калонро дорад.

Исми Мӯҳриддин Эмомов ва бародараш Сайфиддин Эмомов соли 2016 замоне расонаӣ шуд, ки онҳо дар як мусоҳиба бо нашрияҳои мухолифин гуфтанд, мақомоти Тоҷикистон ба наздикони онҳо иҷозати сафар ба Туркияро намедиҳанд ва чанд дафъа онҳоро аз фурудгоҳ ва ҳатто аз марзи Исфара бо Қирғизистон баргардондаанд.

Дар аввали соли 2017 Масъуд, писари Муҳриддин Эмомов, ки он вақт дар синфи 3 мехонд, дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хоста буд, ки барои ба Туркия, ба назди падарашон рафтани онҳо кумак кунад.

Соли 2019 мақомоти Тоҷикистон Муҳриддин Эмомовро афв карданд ва ӯ моҳи феврали соли 2020 ба Тоҷикистон баргашт ва дигар ба масоили сиёсӣ қӯш намешуд ва ҳамроҳи аҳли оилааш дар зодгоҳаш, ноҳияи Вахш ба сар мебурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button