ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

88 БЕМОР ДАР ЯК РӮЗ, 29 МАРГ ДАР МОҲИ ИЮЛ: “РЕКОРД”-ҲОИ ҒАМАНГЕЗИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 27 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир 88 ҳолати наави гирифтории шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шудааст. Дар соли 2021 ин баландтарин нишондиҳанда буда, рекорди қаблӣ: 87 ҳолати гирифторӣ дар як шабонарӯзро, ки рӯзи 25 июл сабт шуда буд, зад.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 78 гирифтори коронавирус пас аз муолиҷа шифо ёфта, як нафар, мутаассифона, ҷони худро аз даст додааст. Танҳо аз аввали моҳи июл вазорати тандурустӣ алакай марги 29 нафарро аз бемории ҳамагир тасдиқ кардааст, ки баландтарин нишондиҳандаи маргумир аз ин беморӣ аз замони шурӯи пандемия мебошад.

Дар умум, бар асоси омори расмии вазорат, то шоми 27 июл дар Тоҷикистон 14 761 мавриди гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то шоми 27 июл 14 245 нафар, ё 96,5% аз шумори умумии сироятшудагон шифо ёфта, вале 119 нафар фавтидаанд.

Тибқи ин омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористонҳо дар умум 397 нафари ба коронавирус сироятшуда таҳти табобат қарор доранд. Вазорат қаблан гуфта буд, ки ба ҳисоби онҳо, ҳар нафари панҷум ин бемориро дар шакли вазнин мегузаронад.

Вазорати тандурустӣ риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва тавсияҳои табибон ва ҳамин тавр, ваксина гирифтан аз коронавирусро роҳи аз ҳама муассири мубориза бо пандемия мешуморад.

Рӯзи 26 июл Амрико ба Тоҷикистон якуним миллион воя ваксинаи Модерна туҳфа кард ва вазорати тандурустӣ ба дунбол гуфт, ки акнун аз 28 июл дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназании оммавӣ шурӯъ хоҳад шуд. То кунун маъракаи ваксиназанӣ дар Тоҷикистон асосан бо чанд шаҳри бузург маҳдуд шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button