Коррупсия

5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ КАПИТАН ШОДИЕВ ВА ШАРИКОНАШ БАРОИ ҚОЧОҚИ 7500 ҚУТТӢ СИГОР АЗ АФҒОНИСТОН

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон  рӯзи 7 майи соли 2021 капитан Шодиев Ҷумабой, сардори дидбонгоҳи сарҳади 3-юми «Айвоҷ»-ро бо ҷурми сӯиистифода аз мансаб ва қочоқи 7500 қуттӣ тамокуи “ESSE CHАNGE” ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, додгоҳ ба шарикони капитан Шодиев:  Сайфиддин Солиев ва Шералӣ Мирзоев, як сӯпони собиқ, ки роҳҳои қочоқ аз Афғонистонро хуб медонист ва ба қочоқи тамоку кумак кардааст, низ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар мавриди сарнавишти шарики афғони онҳо бо номи Сахӣ дар гузориш чизе гуфта нашудааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, капитан Шодиев Ҷумабой Мутавалиевич, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори дидбонгоҳи сарҳади 3-юми «Айвоҷ» хизмат намуда, дар ҷиноятҳои ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон ва гирифтани пораро дар ҳолатҳои зерин содир намудааст.

 Чунончӣ, ӯ, моҳи январи соли 2021 бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи Сахӣ ва шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев Сайфиддин Тилавович аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ тариқи қочоқ гузаронидани сигор маслиҳати пешакӣ намудаанд.

  Баҳри амалӣ намудани ин кор Сахӣ уҳдадорӣ ба зима мегирад, ки то минтақаи дидбонгоҳи номбаршуда 15 адад қуттиҳои тамокуи навъи «ESSE CHАNGE»-po, ки дар дохилашон 7500 адад қуттиҳои майдаи чунин навъи тамоку ҷойгир мебошад, интиқол медиҳад.

 “Солиев С.Т. бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаи худ аз созиши ҷиноятии Сахӣ шиноси худ шаҳрванд Мирзоев Шералӣ Саъдуллоевич, ки номбурда қаблан дар чарогоҳи ноҳияи Шаҳритус ба чаронидани чорво машғул буда, минтақаи мазкурро ба пуррагӣ медонист, хабардор намуда, номбурдаро барои ба ноҳияи Шаҳритус рафта, ба шахсони масъули дидбонгоҳи сарҳадӣ маслиҳат намудан мефиристад”, гуфта мешавад дар гузориш.

 Шаби 4 ба 5 марти соли 2021 Сахӣ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути дарёи Амӯ гузашта, бо худ 15 адад қуттиҳои тамокуи навъи «ESSE CHАNGE»-poто минтақаи сарҳадӣ интиқол дода, дар ин бора тариқи телефон ба шаҳрванд Солиев С. Т. хабар медиҳад.

  Субҳи 5 марта соли 2021 тахминан соатҳои 8 ба 9 капитан Шодиев Ҷ. М. шаҳрвандон Солиев С. Т. ва Мирзоев Ш. С.-ро бо автомашинаи тамғаи «Опел- Астра» рақами қайди давлатиаш 5487 AT07 ба ҳудуди минтақаи сарҳадии дидбонгоҳи сарҳадии №3 «Айвоҷ» дохил намуда, ҳамроҳи номбурдагон аз назди соҳили дарёи Аму 15 қуттии дар дохилашон 7500 қуттиҳои майдаи тамокуи навъи «ESSE CHАNGE»-po гирифта, ба мошин бор мекунад ва барои аз минтақаи сарҳадӣ баровардани Солиев С.Т. ва Мирзоев Ш. С. берун аз хатти муҳандисии сарҳади давлатӣ роҳбаладӣ намудааст.

   Худи ҳамон рӯз тахминан соати 9:40 дақиқиқа дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ аз дохили мошин зикршуда 15 адад қуттии дар дохилашон 7500 қуттиҳои майдаи тамокуи навъи «ESSE CHАNGE» дарёфт гардид. Ҳамчунин, зимни азназаргузаронии ҳуҷраи кории капитан Шодиев Ч.М. аз кисаи роста камзӯли либоси низомии номбурда 400 доллари ИМА ва 570 сомонӣ ҳамчунин далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

  Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Шодиев Ҷ.М. бо моддаҳои 319 қисми 2, (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, қоғазҳои қиматнок, дигар молу мулк, ё фоидаи дорой характери молу мулкӣ дошта) 36-қисми 5, (Ташкилкунанда, таҳриркунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҷиноят эътироф мешавад) 335 қисми 2 (Ғайриқонуниӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Чумҳурии Тоҷикистон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Солиев С.Т. ва Мрзоев Ш.С. бо моддаҳои 36 қисми 5-335 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд. Ин парванда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристода шуда, дар ниҳоят капитан Шодиев ва ду шарикаш ҳар кадом панҷсолӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button