ВидеоСиёсат

НАШРИ МАҚОЛАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҶАЛЛАИ “WORLD TOURISM CITIES”

“World Tourism Cities”, маҷаллаи Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) қисмати асосии шумораи навбатии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахташ, шаҳри Душанбе бахшидааст. Ин кор бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Хитой сурат гирифта, дар шумораи вижаи маҷаллаи “World Tourism Cities” чандин мақола бо забонҳои хитоӣ ва англисӣ дар бораи Тоҷикистон ва имкониятҳои сайёҳии ин кишвар ба нашр расидааст.

Ин шумораи маҷалла бо мақолаи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ оғоз меёбад. Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ дар мақолааш  дар бораи дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон дар солҳои охир дар ҷодаи ободонӣ, рушди ҳамкориҳои сӯдманд ва бародаршаҳрии Душанбе бо шаҳрҳои дигари ҷаҳон ва ҳам дар бораи аҳамияти узвияти шаҳри Душанбе дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF)  суҳбат кардааст.

Дар маҷалла ҳамчунин, мақолаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар бо аксу мусаввараҳои табиати нодири Тоҷикистон ва гӯшаҳои зебои шаҳри Душанбе нашр шудааст.

Дар мусоҳиба бо маҷалла муовини Сафири Тоҷикистон дар Чин ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар котиботи Созмони ҳамкории Шанхай Муҳаммад Эгамзод низ роҷеъ ба омодагии шаҳри Душанбе ба баргузории нишасти ҷашнии сарони давлатҳои аъзои Созмони Шанхай, ки қарор аст, 16-17 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон доир гардад, суҳбат кардааст.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 33 сол дошта, аз моҳи январи соли 2017, инак чоруним сол боз раҳбарии пойтахти Тоҷикистонро бар уҳда дошта, моҳи апрели соли 2020 бо интихобаш ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ, расман раҳбари дуюми Тоҷикистон шуд.

Рустами Эмомалиро як вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд. Соли 2016 дар Тоҷикистон синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро аз 35 ба 30 пойин оварданд ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки ин кор маҳз барои ҳамвор кардани роҳи иштироки писари президент дар интихоботи президентии соли 2020 анҷом дода шудааст. Вале дар интихоботи соли 2020 худи Эмомалӣ Раҳмон дигарбора номзадии худро ба президентӣ гузошт ва давраи раёсаташро то соли 2027  тамдид кард. Бо ин вуҷуд, тибқи пешгӯиҳо, имкон дорад, ки алакай дар тирамоҳи соли ҷорӣ, баъди гузарондани ҷашни 30солагии истиқлолияти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ба синни 69 мерасад ва инак 29 сол боз роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад, курсии президентиро ба писараш Рустами Эмомалӣ вогузор карда, худаш, мисли Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон, ҳамчун Пешвои миллат кишварро роҳбарӣ хоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button