ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ДУШАНБЕ АЗ ХОҲАРИ ХУДАШ БА МИЛИСА ШИКОЯТ КАРДААСТ

Ба ШВКД-2 ноҳияи Сино як ҷавонзани 22-сола муроҷиат кардааст, ки моҳи майи соли 2021, дар назди бинои истиқоматиашон хоҳари 19-солааш ва боз як ҷавонзани 22-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 23 ҳазору 500-долларро гирифта, то ҳол барнагардондаанд.

ххххххххххххххххх

Марди феълан 37-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки соли 2013 мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди ҳоло  63-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 85 ҳазор доллар пулро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

ххххххххххххххххх

Ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки соати дуи шаби 25 июл дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд», бо роҳи зӯроварӣ аз дасти зани 37-солаи сокини ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-1» ва 200-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ба ҷабрдида дар умум ба маблағи 550-сомонӣ зарар расонидааст. Ба ин ноболиғ акнун барои ғоратгарӣ бар асоси қисми якуми моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ғоратгарӣ ноболиғ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи баланди шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 25-уми июли соли 2021, тахминан соати 02:00 дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд», бо роҳи зӯроварӣ аз дасти зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-1» ва 200-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 550-сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2013, марди 37-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 85 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2021, дар назди бинои истиқоматиашон хоҳараш ҷавонзани 19-солаи сокини ҳамон ҷо ва дигар ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 23 ҳазору 500-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button