ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУ КУШТА ВА 6 ЗАХМӢ ДАР САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ЗАЙНАБОБОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 26 ба 27 июл бар асари бархӯрди ду мошини “Опел Астра” ва “Опел Вектра” ва  трактори МТЗ 82 дар ҳудуди деҳаи Адолати ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ  ду мусофир, аз ҷумла як кӯдаки шашсола ҷон бохта, 6 нафари дигар, аз ҷумла се ноболиғи 2, 9 ва 15сола, ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамаи ин 4 кӯдак аз оилаи Ҳаштодовҳо будаанд.

Бино ба гузориши ВКД, шаби 26 июл, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Шоназаров Ҳусниддин Худойназарович, с.т. 1985, сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки М.Турсунзода ба самти ҷамоати Зайнабобод дар ҳудуди деҳаи Адолат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба чархи чапи трактори тамғаи “МТЗ-82”, таҳти идораи ронанда, Ашуров Асадулло Урозович, с.т. 1981, сокини шаҳри Ваҳдат, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мошин ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи Раҳматов Оятулло Хайриддинович, с.т. 1981, сокини ҷамоати Зайнабобод, бархӯрдааст.
Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра”, Раҳматов О.Х., инчунин, мусофирони “Опел-Астра”, Ахмедов Баҳриддин Маҳмадбуриевич, с.т. 1991, сокини ҷамоати Хиргантароши шаҳри Ваҳдат, Ҳаштодова Бибисоро Сайфуллоевна, с.т. 1994 ва ноболиғон, Ҳаштодова Шукрона Сайфуллоевна, с.т. 2006, Ҳаштодов Хайриддин Сайфуллоевич, с.т. 2012, Ҳаштодзода Сафия Шамсуддин, с.т. 2019, Ҳаштодзода Омина Шамсуддин, с.т. 2015, сокинони ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ва худи ронандаи ин мошин Шоназаров Ҳ.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ду нафар аз мусофирон Ахмедов Б.М ва ноболиғ, Ҳаштодзода О.Ш, ба иллати ҷароҳатҳои бардоштаашон дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button