ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДИПЛОМАТИ СОБИҚАДОРИ ТОҶИК ЭРКИН ҚОСИМОВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як барқияи таслият хабар дод, ки Эркин Садриддинович Қосимов, собиқ муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири Тоҷистон дар Австрия, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва сипас дар Бритониё, рӯзи 27 июл аз олам чашм пӯшид.

Вазорат гуфт, кормандонаш ба пайвандону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва таслияти амиқ намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳанд. “Ҷои шодравон Фирдавси Барин бошад”, гуфта мешавад ҳамчунин дар ин барқияи таслият.

Эркин Қосимов ҳамагӣ ду моҳ пеш 70солагии худро ҷашн гирифта буд.

Дар бораи  сабаби марги Эркин Қосимов расман чизе гуфта нашудааст, вале яке аз пайвандонаш ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, Эркин Қосимов “чанд муддат аз бемории COVID-19 ранҷ мебурд”, аммо шифо ёфт. “Охири ҳафтаи гузашта қалбаш ба дард даромад ва субҳи сешанбе дар бемористон фавтид”, — афзудаст ӯ.

Эркин Қосимов соли 1951 ба дунё омада, соли 1969 мактаби миёнаи №53 ва соли 1974  шуъбаи арабии риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Эркин Қосимов аз замони хатми донишгоҳ тамоми умр дар соҳаи дипломатия кор карда, аз ҷумла   дар даврони Шӯравӣ як муддат дар сафорати СССР дар Ироқ кор кардааст.

Ӯ то соли 2007 сафари Тоҷикистон дар Австрия, Швейтсария, Венгрия ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо буд. Соли 2007 ба Тоҷикистон баргашта, як сол дар мақоми муовини вазири хориҷа кор кард ва сипас сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи шимолӣ таъйин шуда, дар онҷо 8 сол, то замони ба нафақа рафтанаш дар моҳи январи соли 2016 кор кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button