ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДИДОР ДАР ҚИЁМАТ, ДОДАРИ ҚАДБАЛАНДУ ҚОШСИЁҲИ АПА! МАРСИЯИ ПУРСӮЗИ САРВИНОЗ ЮСУФӢ БАРОИ ДОДАРИ ҶАВОНМАРГАШ (ВИДЕО)

Овозхони  тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ рӯзи 25 июл дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки додараш Саидҷаъфар дар синни ҳамагӣ 38 ҷавонмарг шудааст.

 Ин дуюмин мотам дар хонаводаи ин ҳунарманд дар соли ҷорӣ аст. Моҳи феврал Сарвиноз Юсуфӣ модарашро, ки аз бемории саратон азият мекашид, аз даст дода буд.

Сарвиноз Юсуфӣ дар бораи иллати марги Саидҷаъфар чизе нагуфтааст, вале дар Инстаграм марсияи пургудозе дар марги бародараш навиштааст:

sarvinozyusufi

Марги ту, ай додари ғӯррамаргам, ҷисму ҷонамро сӯхт. Саидҷаъфари 38-солаам.  38 ин ширинии умри ту буд, азизи дили апа. Ҳоло сӯзиши Модар аз дилам нарафта буд, ту бошӣ, ба рафтанат дар захмҳои тозаям намак пошидӣ, ширинсухани апа.

Шунидам, ки марги падару модар мерос аст , аммо марги фарзанди падар тири алмос будааст.  

Имрӯз ту барои ҳамешагӣ ин дунёро падруд гуфтӣ ва апаҷонгӯйиҳои пеш аз маргат дар гӯшҳоям садо дода истодааст.

Чӣ қадар туро васф кунам, аммо кам аст, зеро дарди дили ман зиёд аст, қалам мешиканад. Ту додаре набудӣ, ки сухани баланд рӯям гуфта бошӣ, ту он нафаре набудӣ, ки касеро озор дода бошӣ. Бо ҳама забони ширин доштӣ.

Худованд Ҷаннат-ул-Фирдавсро бароят насиб кунад.

Худованд раҳмату мағфират кунад.

Худованд азоби қабрро бароят ҳаром бигардонад.

Худованд сари пули Сиротро гузаштанашро бароят осон кунад ва аз ҳавзи Кавсар серобат кунад, додари ғӯррамаргам!

Дидор дар қиёмат, додари ширин, додари қадбаланд, додари қошсиёҳи апа!

Сарвиноз Юсуфӣ 25 октябри соли 1982 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёнаи №3 дар зодгоҳаш, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ як духтар дорад, ки Хурмо номаш гузоштааст.

Сарвиноз Юсуфӣ дар  барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исо ашк дар чашм қисса карда буд, ки модараш чӣ қадар аз бемории саратон азият кашид ва аз дасти ӯ коре намеомад, ки барои модар бикунад.

“Сахт аст, вақте шаби дароз нола мекунаду аз дасти мо чизе намеояд…” – қисса карда буд овозхон, ки ровии барномаро ҳам ба гиря овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button