ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БО 398 SIM-КОРТИ “BEELINE” ДАР ФУРУДГОҲИ ҚАЗОН

Хадамоти матбуоти гумруки ҷумҳурии Тотористони Русия хабар дод, ки кормандони гумрук ҳангоми тафтиши мусофирони парвози Душанбе – Қазон дар фурудгоҳи Қазон ба номи Абдулло Туқай аз бағочи як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки тавассути “роҳрави сабз” бидуни эъломияи гумрукӣ гузаштан мехост, ду қуттӣ бо 398 SIM-корти ширкати “Билайн” ёфтаанд. Ҷавони тоҷик 200 SIM-кортро дар як қуттӣ ва 198 SIM-корти дигарро дар қуттии дуюм ҷобаҷо карда буд.

Ин ҷавон ба кормандони гумруки фурудгоҳи Қазон гуфтааст, ин 398 SIM-кортро як шиносаш дода, хоҳиш кардааст, ки ба як шиноси ӯ дар Маскав бирасонад.

Вале гумруки Тотористон мегӯяд, чунин миқдори бузурги SIM-кортҳо ба рӯйхатти молҳое, ки барои истеъмоли шахсӣ бошанд намедароянд ва шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар эъломияи гумрукӣ нишон медод, ки бо худи чунин мол дорад.

Нисбат ба ҷавони тоҷик бар асоси қисми аввали моддаи  16.2 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми “эъломияи накардани мол ҳангоми гузаштан аз гумрук” правандаи маъмурӣ тартиб дода, тамоми 398  SIM-корти аз ӯ ёфтшударо мусодира кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button