АЗ АВВАЛИ МОҲИ ИЮЛ ДАР ТОҶИКИСТОН АЛАКАЙ 28 НАФАР ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУДААНД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 26 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 81 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавируси навъи нави COVID-19 сабт шудааст. Ин 6 ҳолат камтар аз 87 ҳолати рекорди имсола аст, ки як рӯз қабл, 25 июл дар Тоҷикистон сабт шуда буд.
Вазорат ҳамчунин хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир 71 нафар аз коронавирус шифо ёфта, як нафар, мутаассифона, фавтидааст. Аз аввали моҳи июл вазорати тандурустӣ алакай аз коронавирус ҷон бохтани 27 нафарро тасдиқ кардааст ва моҳи июл, ба ин тартиб, ба яке аз пурқурбонитарин моҳҳо аз замони шурӯи пандемия дар Тоҷикистон табдил меёбад.
Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз замони шурӯи пандемия дар Тоҷикистон 14 ҳазору 673 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумор 14 ҳазору 167нафар, ё 96,5% аз шумораи умумии гирифторшудагон шифо ёфтаанд, вале 118 нафар, мутаассифона, ҷон бохтаанд.
Тибқи ин омор, ҳоло дар Тоҷикистон 388 бемори коронавирус дар хона ва муасссисаҳои тандурустӣ таҳти табобат боқӣ мемонанд.
Бо вуҷуди рӯз то рӯз афзудани шумораи гирифторон ва даъватҳо ба ҷорӣ кардани карантини шадид дар Тоҷикистон, мақомоти вазорати тандурустӣ мегӯянд, зарурати ҷорӣ кардани карантинро дар кишвар намебинанд. Ғаффор Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ рӯзи 26 июл дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, “вазъият он тавре нест, ки карантин роҳандозӣ шавад. Мардум бояд талош кунанд, ки ваксина гиранд, эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои мутахассисонро барои пешгирӣ ҷиддӣ гиранду риоя кунанд.”
Ғаффор Муҳсинзода ҳамзамон бори аввал эътироф кард, ки штамми “Делта” (коронавируси ҳиндӣ), як навъи нави коронавирус, ки бо суръати бештару марговартар паҳн мешавад, ба Тоҷикистон низ расидааст. “Бо назардошти ин ки “Делта” дар кишварҳои ҳамсоя ошкор шудааст, “дар Тоҷикистон ҳам вуҷуд доштани он рад намешавад. Ҳоло навъи санҷишҳои беморон барои ташхиси тиббӣ ба як озмоишгоҳи Лондон фиристода шудааст”, – гуфт ӯ.
Вазорати тандурустӣ гуфт, таҳлили анҷомдодааш аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон тақрибан 20 фоиз, ё ҳар бемори панҷум ба шакли вазнин бемор мешавад. Тибқи ин таҳлил, дар Тоҷикистон 45 фоиз дар хона, 12 дарсад дар корхона ва 11 фоиз дар маъракаҳо гирифтори коронавирус шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин хабар дод, ки 70 фоизи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ошкор шудаанд. Аз шумораи умумии беморон, тибқи омори вазорат, 36 дарсад ба Суғд, 34 дарсад ба Душанбе, 13 дарсад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 11 дарсад ба Хатлон ва 6 дарсад ба ВМКБ рост меояд.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон ваксина гирифтанро роҳи аз ҳама муассири мубориза бо коронавирус мешуморанд. Субҳи 26 июл якуним миллион вояи ваксинаи Модерна ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Ин кумаки ройгони Амрико мебошад. Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд тамоми 5,8 миллион аҳолии аз синни 18 болоро ваксина бизнананд. Ваксина дар Тоҷикистон ройгон буда, бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ, барои тамоми сокинони калонсол ҳатмӣ эълон шудааст.

