ВарзишВидео

АКМАЛ МУРОДОВ НИЗ ОЛИМПИДАИ ТОКИОРО БЕ МЕДАЛ ҶАМЪБАСТ КАРД

Паҳлавони тоҷик Акмал Муродов рӯзи 27 июл дар мусобиқаи гуштини дзюдо дар вазни  то 81кг дар Бозиҳои олимпии Токио-2020  дар даври аввал Ҷоштер Андрев аз Гуамро шикаст дод, вале дар даври дуюм аз варзишгари маъруфи гурҷистонӣ Тато Тригалишвили мағлуб шуд. Тригалишвили, ки ҳамагӣ 21 сол дорад, имсол дар чемпионати ҷаҳон дар Маҷористон сазовори медали нуқра шуда буд ва яке аз рақибони аз ҳама бақувват дар ин вазн ҳисоб мешуд.
Ҳамин тариқ, дар пайи шикаст аз рақиби гурҷиаш Бозиҳои олимпии Токио барои Акмал Муродов низ анҷом ёфт. Темур Раҳимов дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Токио парчамбардори тими олимпии Тоҷикистон буд.

Аз 10 узви тими олимпии Тоҷикистон Акмал Муродов инак сеюмин нафарест, ки Олимпиадаи Токиоро пеш аз муҳлат ва, мутаассифона, бе медал ҷамъбаст карданд.

Рӯзи 25 июл Шаббос Неъматуллоев дар мусобиқати муштзанӣ дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Рӯзи 26 июл Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти гуштини дзюдо дар вазни то 73 кило дар набарди якуми худ Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандагон ва дар даври дуюм Файе Нҷийе аз Гамбияро шикаст дода, ба ҳаштякфинал роҳ ёфт, вале дар ин марҳала аз варзишгари Озарбойҷон Рустам Оруҷов бо як вазарӣ мағлуб шуд.

Ҳоло ду гуштингири дигари тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ ба майдон набаромадаанд.

Рӯзи 28 июл Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90кг нерӯ месанҷад. Ҳарифи ӯ дар даври аввал Аксел Клерҷет аз Фаронса мебошад. Оғози қувваозмоиҳо соати 7:00 бо вақти Душанбе.
Сипас, рӯзи 30 июл Темур Раҳимов дар вазни +100кг гуштин мегирад.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 август давом мекунанд. Ин мусобиқот мебоист соли 2020 доир мешуд, вале ба иллати пандемияи коронавирус як сол ба ақиб гузошта шуд.

 Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

  1. Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг),
  2. Акмал Муродов (-81 кг), 
  3. Комроншоҳи Устопириён (-90 кг),
  4. Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳарчор дар риштаи гуштини дзюдо,
  5. Баҳодур Усмонов (-63 кг),
  6. Шаббос Неъматуллоев (-81 кг),
  7. Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба бокс,
  8. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук,
  9. Анастасия Тюрина ва
  10. Олимҷон Ишонов, ҳарду оид ба шиноварӣ.

Боз як варзишгари тоҷик Гулсумбӣ Шарипова низ ба мусобиқаи давидан ба масофаи 200 метр дар байни занон ба Олимпиада роҳхат гирифта буд, вале мутаассифона, ба иллати лат хӯрдани пояш Гулсумбӣ ба Токио рафта натавонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button