ВарзишВидео

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ АЗ МЕДАЛИ ОЛИМПӢ МАҲРУМ ШУД (ВИДЕО)

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков рӯзи 26 июл дар мусобиқоти гуштини дзюдо дар вазни то 73 кило дар набарди якуми худ Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандагон ва дар даври дуюм Файе Нҷийе аз Гамбияро шикаст дода, ба ҳаштякфинал роҳ ёфт, вале дар ин марҳала аз варзишгари Озарбойҷон Рустам Оруҷов бо як вазарӣ мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, Бозиҳои олимпии Токио барои Сомон Маҳмадбеков анҷом ёфт ва ӯ аз имкони ба даст овардани медали олимпӣ маҳрум шуд.


Рӯзи 27 июл боз як гуштингири тоҷик Акмал Муродов дар вазни -81кг  дар мусобиқоти гуштини дзюдо ба майдон хоҳад баромад. Ҳарифи ӯ дар даври аввал Ҷоштер Андрев аз Гуам мебошад. Қувваозмоиҳо соати 7:00 бо вақти Душанбе шурӯъ мешаванд.
Сипас, 28 июл Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва 31 июл Темур Раҳимов дар вазни +100кг гуштин мегиранд.

Бино ба иттилои Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ, рақиби Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз Гуам мебошад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал дар зинаи 53-юм ва Ҷоштер дар зинаи 145-ум қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило аз даври дувум ба рақобат  шурӯх мекунад. Аввалин рақиби ӯ Аксел Клергет аз Фаронса аст, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Комроншоҳ панҷ зина болотар, дар мақоми 17-ум ҷой гирифтааст.  Дар ин вазн 33 гуштингир барои медалҳои  олимпӣ мубориза мебаранд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Рӯзи 25 июл муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар набарди аввалинаш бар рақиби худ Леонел Нунез аз Доминикан ғолиб омад ва ин навбат бо Элнур Абдураимов, муштзани қазоқтабори узви дастаи олимпии Ӯзбекистон вориди рақобат хоҳад шуд.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои он варзишгарони тоҷике, ки дар Бозиҳои 23-юми тобистонаи олимпӣ дар Токио соҳиби унвони қаҳрамони олимпӣ мешаванд, хонаи чорҳуҷрагӣ ваъда додааст. Ҳамин тавр, тибқи ваъдаи шаҳрдорӣ, барои онҳое, ки ба хазинаи тими олимпии Тоҷикистон медали нуқра меоранд, дар пойтахт  хонаи сеутоқа ҷудо мекунанд ва барои онҳое, ки медали биринҷӣ ба даст меоранд, хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа хоҳанд кард.

Ҳамчунин, аз фонди президенти Тоҷикистон барои варзишгароне, ки дар Олимпиада соҳиби медали тилло мешаванд, 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷоиза ҷудо карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button