ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

РАДИОИ ОЗОДӢ: ҶИЯНҲОИ ПРЕЗИДЕНТ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИРО ЛАТТУКӮБ КАРДААНД. МУОВИНАШ: ВАЗИР ДАР САФАР АСТ…

Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, шоми 20‑уми июл, пас аз марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова, пизишкони баландпоя, аз ҷумла вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозодаро латукӯб кардаанд. Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 26 июл дар нишасти хабарии ин вазорат иштирок надошт. Манобеи Озодӣ инро ба латтукӯб шудани вазир рабт медиҳанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ва Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент дар натиҷаи латтукӯб аз ҷониби хоҳарзодаҳои президент “сахт маҷрӯҳ шудаанд”.

Мақомот расман ҳодисаро шарҳ намедиҳанд, вале манобеи Радиои Озодӣ дар вазорати тандурустӣ ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бе зикри ном ин хабарро тасдиқ кардаанд.

Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари хурдии президенти Тоҷикистон, шоми 20 июл дар беморхонаи ҳукуматӣ дар маҳаллаи “Шаҳраки тиббӣ” (“Медгородок”) фавтид. Тибқи иттилои дарёфтӣ, барои табобати ӯ аз Олмону Русия ва Узбекистон пизишкон ҷалб шуда будаанд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ду соат пеш аз марг пизишки хориҷие шеваи табобати хоҳари президентро нодуруст номида, супориш додааст, то тарзи муолиҷаро дигар кунанд. Нодуруст номидани тарзи табобати хоҳари президент хашми наздиконашро овардааст.

“Пас аз эълони марги модар, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо ба пизишкон ҳамла карданд. Файзиддин, писари дигараш дахолат накардааст. Ҳама духтуронро задаанд. Танҳо бо дахолати Рустами Эмомалӣ онҳоро ором кардаанд”, ‑‑ гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ.

Ба қавли манобеъ, дар ин муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрдааст. Осеби пизишкони дигарро сабук арзёбӣ карданд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26 июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зери итоаташ ширкат накард ва субҳи 26 июл дар маросими қабули якуним миллион ваксинаи “Модерна” низ ҳузур надошт.

Вале дар нишасти хабарии вазорат, Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ, дар посух ба ин суол, ки вазир куҷост ва дуруст аст, ки ҷоғаш шикастааст?, ҷавоб гуфт, ки “вазир дар сафари хидматӣ аст, ин гап боз аз куҷо баромад?”

Ба ин савол, ки дар сафари хидматӣ дар куҷо қарор дорад ва чӣ кор мекунад?, Шодихон Ҷамшед посухи дақиқ надод ва танҳо ишора кард, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст, вале ҳанӯз касе боздошт нашудааст.

Сабаби марги Қурбонбӣ Раҳмонова, ки 21‑уми июл дар Данғара ба хок супурда шуд, расман шарҳ дода нашудааст, вале манобеи ғайрирасмӣ гуфтанд, ки ӯ аз коронавирус фавтидааст.

Писари ӯ Фахриддин Сафарзода дар маросими дафни модараш иштирок надошт. Гуфта мешуд, ки ӯ низ дучори коронавирус шудааст ва ба ҳамин далел, дар маросими дафни модараш дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара иштирок карда натавонист.

Ин нахустин ҳолати латтукӯби духтурон аз ҷониби афроди бонуфуз дар Тоҷикистон дар пайи ҳалокати  наздиконашон аз коронавирус нест.

Соли гузашта писари Исмат Абдуллоев, раҳбари фурудгоҳи Душанбе, дар пайи марги паиҳами аммааш  ва амакаш подполковник Шамсулло Абдуллоев табибони бемористони вилоятии Хатлонро дар шаҳри Бохтар латтукӯб карда буд. Шоҳидон гуфтанд, азбаски он шабу рӯз нирӯи барқ доим кушта мешуд,  Абдуллоевҳо ба бемористон 10 тонна бензин овардаанд, ки дар вақти бебарқӣ генераторҳояшро ба кор дароранд. Вале вақте ки ба полковник Шамсулло Абдуллоев дастгоҳи нафаскашии сунъӣ лозим буд, дар беморхона як литр бензине наёфтаанд, ки генераторол ба кор дароранд. Ҳамин боиси қаҳри писари раиси фурудгоҳ ва  аз дуюм қабати бино худро ба замин партофта, ба сари духтурон тохтани ӯ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button