Кормандони гумруки ду фурудгоҳи Астрахан ва Волгоград дар ду моҳи охир аз мусофироне, ки аз Тоҷикистон меоянд, беш аз 117 кило нос пайдо ва мусодира кардаанд. Дар ин бора рӯзи 26 июл гумруки Астрахан хабар дод.
Сардори нуқтаи гумрукии фурудгоҳи Волгоград Дмитрий Клетсов гуфт: “Меҳмонон аз Тоҷикистон дар бағочи худ аз 1 то 4 кило нос меоранд. Онҳо мегӯянд, барои истеъмоли худашон меоранд, чунки медонанд, ки фурӯши нос дар Русия мамнӯъ мебошад.”
Сардори нуқтаи гумрукии фурудгоҳи Астрахан мегӯяд, меҳмонони Русия метавонанд бо худ нос биоранд, вале фақат барои истеъмоли шахсӣ ва на зиёдтар аз 250 грамм: “Маҳсулоти тамоку ба андозаи беш аз 250 грамм барои ҳар нафари синнаш аз 18 боло, дигар моли барои истеъмоли шахсӣ ҳисоб намешавад ва ворид карданаш ба қаламрави ЕАЭС манъ аст.”
Нисбат ба “қочоқбарони нос” бар асоси қисми аввали моддаи 16,2 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия 24 парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд.
Нос як навъи тамокуест, ки бо иловаи оҳак ва бархе маҳсулоти дигар тайёр карда мешавад. Нос дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои Шарқ харидори зиёд дорад, вале солҳои охир тавассути муҳоҷирон ин навъи тамоку дар байни як қисми ҷавонон дар Русия низ тарафдори зиёд пайдо кардааст. Зоҳиран баъди дидани ин тамоюл мақомоти Русия фурӯши носро манъ карданд.
Татяна Полякова, сухангӯи гумруки Астрахан мегӯяд, “ба таркиби нос гоҳо поруи уштур ё мурғ ва хокистарро ҳам илова мекунанд. Истеъмоли нос шахсро нафақат муътоди никотин мекунад, балки аз лиҳози равонӣ низ муътод карда, сабабгори бемориҳои сангини даҳону гулӯ мешавад.”