ВидеоКоррупсия

МУҲАНДИСИ ЗАМИНСОЗ ДАР ФАРХОР БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 26 июл хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи  ҷиноятии  Аскар Раҳимзода, собиқ муҳандиси заминсози ҷамоати Ватани ноҳияи Фархорро  анҷом дода, дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ, ин парвандаро ба додгоҳ супурдааст. Аскар Раҳимзода бар  асоси банди “а”-и қисми сеюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад ва ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи бузург ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Раҳимзода Аскар Зоирҷон дар вазифаи сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор кор карда истода дар давраи фаъолияти кориаш қасдан, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи ваколати мансабӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 7000 сомонӣ гирифта, тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накардааст”.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон ду ҳафта пеш гуфт, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 8928 гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода рӯзи 21 июл  дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст. Мо кормандони беинсофро аз кор меронем ва ҷазо медиҳем. Аз тарафи дигар, кадрҳои бовиҷдон ва саводнок намерасанд.”

Ориф Хоҷазода гуфт, дар мақомоти прокуратура дар робита ба муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаҳои замин 134 парванда боз шуда, дар ин парвандаҳо номи 11 корманди кумитаи замин, 40 корманди корхонаи “Сабти амволи ғайриманқул” ва 15 заминсозони ҷамоатҳо зикр мешаванд.Ӯ хабар дод, ки ахиран 8 раиси кумитаҳои идораи замини маҳаллӣ ва 9 директори корхонаҳои фаръии “Сабти амволи ғайриманқул” барои роҳ додан ба қонуншиканӣ аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button