ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

МАСЪУЛОНИ ПАРКИ ХАЙЁМ АЗ НОБИНОЁН УЗР ПУРСИДАНД

Сиёвуш Илёсов (Siyovush Ilyasov), як ҷавони нобинои тоҷик, шоми 25 июл дар Фейсбук хабар дод, ки масъулони  Парки Хайёми шаҳри Душанбе ба шикояти ӯву ҳамроҳонаш ҷиддӣ расидагӣ карданд ва барои нофаҳмии як рӯз қабл пешомада узрхоҳӣ карданд. Сиёвуш Илёсов шоми 24 июл аз рафтори табъизомези масъули аттраксиони “Теппаҳои амрикоӣ” (“Американские горки”) нисбат ба ӯву дӯстонаш, ки мисли вай қуваи басорати заиф доранд, шикоят кард ва гуфт, онҳоро фақат барои маъюб буданашон ба ин аттраксион роҳ надодаанд.

Оиди ҳодисае, ки шоми 24-уми июл дар боғи фароғатии Умари Хайём бо мо ,нобиноён шуда гузашт, гуфтаниям, ки баъди якчанд лаҳзаи пахши зиндаи видеоии ман дар ҳамин саҳифаи фейсбукам масъулин моро вохӯрданд ва масъаларо ҷиддӣ дида баромадем. Нафаре, ки бо мо дағалона рафтор карду моро ба “Теппаи Амрикоӣ” роҳ надод, омада, аз мо узрхоҳӣ кард. Масъулини боғ низ ҳамчунин дар ин ҳолат бо эҳтиром аз мо пуштибонӣ карда, фароғатро барои маъюбон ба таври ройгон тасдиқ карданд. Хулоса, масъала роҳи ҳалашро ёфт ва дари фароғат дар ин боғ барои нафарони маъюб ҳамеша боз аст.  Ҳамчунин масъулин моро бо эҳтиром дар охир гуселониданд”, – навиштааст Сиёвуш Илёсов.

Ӯ аз ҳамаи онҳое, ки аз ӯву маъюбони дигар пуштибонӣ кард, изҳори сипос карда, навиштааст, ки баъди ҳал шудани мушкили пешомада ӯ видеоро аз саҳифааш пок кардааст ва аз дигар журналистону блогерҳо низ хоҳиш мекунад, ки беҳтар мешуд, агар видеоҳои марбут ба ин қазияро аз каналҳову гуруҳҳояшон бардоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button