ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МАРҲАБО ҲАМАГӢ 42 СОЛ ДОШТ… ҲУҶҶАТГУЗОРИ ДОНИШГОҲИ ХУҶАНД ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУД

Марҳабо Юсупова, котиб – ҳуҷҷатнигори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар синни 42  аз коронавирус ҷон бохтааст. Ҷанозаи ӯро рӯзи 26 июл, соати 11 дар оромгои “Гумбази қошуқ” ба хок супурдаанд.

Фаридун Ҳодибоев, яке аз ҳамкорони марҳум дар таъйиди ин хабар ба хабаргузории русии “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст, Марҳабо Юсупова чанд рӯзи охир дар Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бо вируси корона дастбагиребон буд, вале субҳи 26 июл ҷон додааст.

“Чанд соат пеш ба мо хабар доданд, ки Марҳабохон Юсупова бандагӣ кардаанд. Аз шунидани ин хабар ҳайратзада шудем. Равонашон шод бод, беҳтарин ҳамкори мо буданд ва дар ҷодаи ҳуҷҷатнигорӣ беназир буданд”, – гуфтааст Фаридун Ҳодибоев.

Юсупова Марҳабо Юнусовна соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, баъд аз хатми шуъбаи рӯзноманигории  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ оғоз намудааст.

Баъдан котиби Шӯрои олимони Донишгоҳ шуда ва чандин сол дар ҳамин як вазифа кор кардааст. Ӯ дар замони панҷ ректор – Низомиддин Зоҳидӣ, Ваҳҳоб Набиев, Ғафур Усмонов, Анвар Мақсудӣ ва Ҷамшед Ҷӯразода котиби ҳуҷҷатгузор буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button