ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАРВОЗУ ПАНҶАКЕНТ: ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ МЕҲМОН АЗ ИШКОШИМ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар поёни ҳафтаи гузашта дар кишвар ду садамаи марговар рух дода, дар ин садамаҳо ду нафар, аз ҷумла як кӯдаки шашсола ва як ҷавони 22-сола ҷон бохта, як духтари ҷавони 19-сола ҷароҳат бардоштааст.

 Аз ҷумла рӯзи 24-уми июли соли 2021, тахминан соати 19:10, ронандаи мошини тамғаи “Опел Вектра”, Партоев Сафар Одинаевич, сокини ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар километри 278-уми шоҳроҳи Душанбе-Кулоб-Дарвоз-Хоруғ, дар ҳудуди деҳаи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи мошин набаромада, хурдсол, Ҷумабекова Самия Амирбековна, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Ишкошимро пахш намудааст.
Дар натича кӯдак ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 25-уми июли соли 2021, тахминан соати 16:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Адҳамов Исломбек Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати Косатарош дар канори шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар километри 8-уми роҳи мошингарди «Сӯфиён-Шинг» дар  ҳудуди ҷамоати Чорбоғ аз ӯхдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, мошинро ба сой чаппа кардааст.
Дар натиҷа ронанда ҷарохати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири ин мошин, Абдураҳмонзода Рамзия, соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати Косатарош низ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Таҳқиқи ин ду ҳодиса идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button