АМРИКО БА ТОҶИКИСТОН 1,5 МИЛЛИОН ВОЯ ВАКСИНАИ MODERNA ТУҲФА КАРД (5 АКС)
Субҳи 26 июл ба Тоҷикистон 1,5 миллион воя ваксинаи Moderna ворид карда шуд. Сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, ин якуним миллион воя ваксина туҳфаи Амрико ба мардуми Тоҷикистон аст.
“Субҳи имрӯз Иёлоти Муттаҳида ба мардуми Тоҷикистон 1,5 миллион воя ваксинаи Moderna эҳдо кард!!! Ваксинаи Moderna, ки аз он дар Иёлоти Муттаҳида истифода мекунанд, ба наҷоти ҷони инсонҳо ва хотима додан ба таҳдиди ҷаҳонии COVID-19 кумак мекунад. Тавассути барномаи COVAX, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 700 ҳазор воя ваксинаро ройгон додааст. Аз моҳи марти соли 2020, ИМА барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон наздики 9 миллион доллар кӯмак расонидааст. Якҷоя барои хотима додани пандемия талош хоҳем кард!”, гуфта мешавад дар иттилоияи сафорати Амрико.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар аввали соли ҷорӣ тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар платформаҳои мавҷуда ба Ҳукумати ИМА тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе ҷиҳати кумак дар фарогирии аҳолӣ бо ваксинатсия муроҷиат намуда буд.
Вазорат гуфт, ваксинаҳои расида барои ваксина кардани 750 ҳазор сокини Тоҷикистон кифоят мекунад ва дар назар аст, ки вояҳои қабулшуда ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи нақшабандӣ дастрас гардида, пас аз интиқол маъракаи ваксинатсия оғоз шавад.
Вазорат гуфт, дар маросими қабули вояҳои ваксинаи макзур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ, намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдакони Созмони Милал, ки масъулияти расондани ваксинаҳо ба Тоҷикистонро ба уҳдаи он вогузор шудааст, дар Твиттер хабар дод, ки Амрико барои кишварҳои дунё дар умум 80 миллион воя ваксина кумак мекунад ва бо дарёфти якуним миллион воя ваксинаи Moderna Тоҷикистон нахустин кишваре шуд, ки аз ин кумакҳои Амрико баҳравар шуд.
Як рӯз қабл Абдухалил Холиқзода, раҳбари Бемористони “Ибни Сино”-и шаҳри Душанбе дар Фейсбук хабар дод, ки миқдори бузурги ваксинаҳои зидди коронавирус дар роҳ ба Тоҷикистон қарор доранд. Бино ба иттилои ӯ, Тоҷикистон дар умум 4 миллион воя ваксинаи Moderna ба даст хоҳад овард. “Худо хоҳад, то ду моҳи оянда мо бо моякӯбӣ аз шарри ин вируси манҳус хоҳем раст!” – навишт Абдухалил Холиқзода, ки ба сурати қатъӣ аз зарурати ваксинаи зидди коронавирус гирифтани мардум пуштибонӣ мекунад ва пайваста аз ҳама даъват мекунад, ки баробарои даст додани имконият ҳатман ва ҳатман ваксина бигиранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифтааст, ки дар асоси имконияти мавҷуда 62,4 фоиз ва ё 5,8 млн аҳолии аз 18- сола болои кишварро бо ваксинатсия фаро гирад. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус рӯзи 3 июл гирифтани ваксинаро барои тамоми аҳолии калонсоли кишвар ҳатмӣ эълон кард.
Ваксинаи зидди коронавирус дар Тоҷикистон ройгон мебошад.
COVAX як барномаи байналмилалӣ аст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо ҳадафи дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо, бахусус кишварҳои нодор, ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додаанд. Тибқи ин барнома, кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта барои кишварҳои фақире, ки наметавонанд аҳолии худро бо ваксина таъмин кунанд, ваксина мехаранд. Тоҷикистон низ узви COVAX буда, моҳи март дар чорчӯби ин барнома 192 ҳазор вояи ваксинаи «АстраЗенека» дастрас кард ва моҳи август бояд боз ҳамин миқдори дигар бигирад. Хитой низ моҳи июн дар чорчӯби барномаи COVAX ба Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор вояи ваксинаи «КоронаВак» дод.