ВарзишВидео

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА БАРАНДАГОНИ МЕДАЛҲОИ ОЛИМПӢ ХОНА ВАЪДА КАРД

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ваъда додааст, ки шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон барои он варзишгарони тоҷике, ки дар Бозиҳои 23-юми тобистонаи олимпӣ дар Токио соҳиби унвони қаҳрамони олимпӣ мешаванд, хонаи чорҳуҷрагӣ ҷудо хоҳад кард. Ҳамин тавр, тибқи ваъдаи шаҳрдорӣ, барои онҳое, ки ба хазинаи тими олимпии Тоҷикистон медали нуқра меоранд, дар пойтахт  хонаи сеутоқа ҷудо мекунанд ва барои онҳое, ки медали биринҷӣ ба даст меоранд, хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа хоҳанд кард.

Ҳамчунин, аз фонди президенти Тоҷикистон барои варзишгароне, ки дар Олимпиада соҳиби медали тилло мешаванд, 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷоиза ҷудо карда мешавад.  

Соли 2016 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров барои ба даст овардани медали тилло дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро соҳиби 300 ҳазор сомонӣ ҷоиза аз фонди президент шуда буд.  Дилшод Назаровро барои пирӯзиаш ҳамчунин бо ордени Шараф, дараҷаи 1 сарфароз гардониданд. Шаҳрдори вақти Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев низ ба Дилшод Назаров хонаи дуҳуҷрагӣ дар пойтахт туҳфа карда, амр дода буд, ки ба ин қаҳрамони олимпӣ  унвони шаҳрванди ифтихории пойтахти Тоҷикистон дода шавад.

Ёдовар мешавем, Бозиҳои олимпӣ дар Токио 23 июл оғоз ёфт. Ин олимпиада мебоист соли 2020 доир мешуд, вале ба иллати пандемияи коронавирус як сол ба ақиб уфтод.

Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

  1. Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг),
  2. Акмал Муродов (-81 кг), 
  3. Комроншоҳи Устопириён (-90 кг),
  4. Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳарчор дар риштаи гуштини дзюдо,
  5. Баҳодур Усмонов (-63 кг),
  6. Шаббос Неъматуллоев (-81 кг),
  7. Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба бокс,
  8. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук,
  9. Анастасия Тюрина ва
  10. Олимҷон Ишонов, ҳарду оид ба шиноварӣ.

Боз як варзишгари тоҷик Гулсумбӣ Шарипова низ ба мусобиқаи давидан ба масофаи 200 метр дар байни занон ба Олимпиада роҳхат гирифта буд, вале мутаассифона, ба иллати лат хӯрдани пояш Гулсумбӣ ба Токио рафта натавонист.

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов рӯзи 25 июл дар рақобати нахустинаш дар вазни -63кг варзишгар аз Доминикан Леонел Сантос Нунезро  бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард. Акнун ӯ дар даври 1/8-финал бо ғолиби ҷуфти Чинзогир Баатарсух (Муғулистон) / Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) вомехӯрад.
Шаббос Неъматуллоев бошад, дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button