ВарзишВидео

ПИРӮЗИИ БАҲОДУР УСМОНОВ ДАР РАҚОБАТИ АВВАЛ ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

Рӯзи 25 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ду узви тими олимпии Тоҷикистон – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев дар мусобиқоти  бокс муҳориба карданд.
Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг муқобили варзишгар аз Доминикан Леонел Сантос Нунез ба майдон  баромада, бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Акнун ӯ дар даври 1/8-финал бо ғолиби ҷуфти Чинзогир Баатарсух (Муғулистон) / Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) вомехӯрад.
Шаббос Неъматуллоев бошад, дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Ёдовар мешавем, аз фонди президенти Тоҷикистон барои варзишгароне, ки дар Олимпиада соҳиби медали тилло мешаванд, 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷоиза ҷудо карда мешавад. Бар илова, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ваъда додааст, ки шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон барои он варзишгарони тоҷике, ки соҳиби унвони қаҳрамони олимпӣ мешаванд, хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеутоқа ва барои онҳое, ки медали биринҷӣ ба даст меоранд, хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа хоҳад кард.

Муштзани сеюм дар ҳайъати тими олимпии Тоҷикистон Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар, рӯзи 29 июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоиро аз даври 1/8-ниҳоӣ  бо рақобат бо Мурод Алиев аз Фаронса шурӯъ мекунад.

Рӯзи 26 июл гуштингирони тоҷик ба сабқат сар мекунанд. Дар ин рӯз Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти гуштини дзюдо, вазни -73кг ба рақобат шурӯъ мекунад. Оғози мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе. Қувваозмоиҳои финалӣ бошад, соати 13:00 шурӯъ мегардад. Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо Аҳмад Аликай аз тими паноҳандагон рақобат мекунад. Бино ба иттилои шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф, дар радабандии ҷаҳонӣ Сомон дар зинаи 16-ум ва Аҳмад дар зинаи 251-ум қарор доранд. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 нафар номнавис шудаанд.

Акмал Муродов 27 июл, Комроншоҳи Устопириён 28 июл ва Темур Раҳимов 30 июл вориди рақобат мешаванд.

Рақиби Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз Гуам мебошад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал дар зинаи 53-юм ва Ҷоштер дар зинаи 145-ум қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Аксел Клергет аз Фаронса аст, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Комроншоҳ панҷ зина болост (ҷойи 17-ум). Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Дар намуди дигар – шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 31-уми июл рақобат хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид карда шуда, 11 ҳазору 324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.  Аввалин медали тиллои олимпиро дирӯз – 24 июл – варзишгари чинӣ Қиан Йанг дар тирандозӣ аз милтиқи бодӣ дар масофаи 10 метр ба даст овард. Инак, то ҳоло варзишгарони 33 давлат соҳиби медал шудаанд, аз ҷумла намояндагони 13 давлат ба гирифтани медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио даст ёфтаанд.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

  1. Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг),
  2. Акмал Муродов (-81 кг), 
  3. Комроншоҳи Устопириён (-90 кг),
  4. Темур Раҳимов (+100 кг) – ҳарчор дар риштаи гуштини дзюдо,
  5. Баҳодур Усмонов (-63 кг),
  6. Шаббос Неъматуллоев (-81 кг),
  7. Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – ҳарсе оид ба бокс,
  8. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук,
  9. Анастасия Тюрина ва
  10. Олимҷон Ишонов, ҳарду оид ба шиноварӣ.

Боз як варзишгари тоҷик Гулсумбӣ Шарипова низ ба мусобиқаи давидан ба масофаи 200 метр дар байни занон ба Олимпиада роҳхат гирифта буд, вале мутаассифона, ба иллати лат хӯрдани пояш Гулсумбӣ ба Токио рафта натавонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button