ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои БадахшонТаърих

PAMIR DAILY NEWS: ДАР МАСКАВ БЕШ АЗ 100 ИШТИРОКЧИИ ШАБИ ЁБДУДИ ҚУРБОНИЁНИ АМАЛИЁТИ ХОРУҒ ДАСТГИР ШУДАНД

 Pamir Daily News хабар дод, ки шоми 24 июл дар шаҳри Маскав беш аз 100 зодаи Вилояти Мухттори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар солгарди амалиёти Хоруғ дар шаби ёдбуди қурбониёни он амалиёт ҷамъ шуда буданд, дастгир кардаанд. 24 июли соли 2012 дар ҷараёни амалиёти махсус дар Хоруғ 41 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Аз он дам ҳар сол дар солгарди ҳаводиси Хоруғ дар худи ин шаҳр ва дар дигар шаҳрҳое, ки зодагони Бадахшон ба сар мебаранд, шабҳои ёдбуд барпо карда мешаванд, ки асосан аз қироати Қуръон дар ҳаққи қурбониён ва хондани сурудҳои мазҳабии мардуми Бадахшон иборатанд.

Яке аз иштирокчиёни дастгиршудаи шаби ёдбуд дар Маскав ба Pamir Daily News гуфт, ки шаби ёдбуд соати ҳашти шом ба вақти Маскав дар як тарабхона дар наздикии истгоҳи метрои Черкизовская оғоз ёфт, вале алакай як соат баъд нирӯҳои пулиси Маскав ба ин тарабхона рехта, чорабиниро вайрон ва беш аз 100 нафар аз иштирокчиёнашро боздошт карданд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Ин ҳам маълум нест, ки дастгиршудаҳо мушахассан ба чӣ айбдор мешаванд?

Сабаб ё баҳонаи расмии оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ куштори генерал Абдулло Назаров, раҳбари раёсати амнияти вилояти Бадахшон шуд. Генерал Назаровро шоми 21 июли соли 2012 дар Наводак, деҳае дар дукилометрии Хоруғ аз мошинаш фароварда, бо зарби корд куштанд.

Мақомот билофосила дар ин куштор Толиб Аёмбеков, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар Бадахшонро айбдор карданд.

Барои музокирот вазири дохила Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов ва вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ба Хоруғ рафтанд ва Раҳимзода аз тариқи телевизиони вилоятӣ тақозо кард, ки гурӯҳҳои ғайриқонунӣ силоҳҳои худро супурда, қотилонро то 24 июл таслим кунанд, вагарна давлат маҷбур аст, аз нирӯи низомӣ истифода барад.

Вале ин талаб иҷро нашуд ва субҳи 24 июл нирӯҳои давлатӣ вориди Хоруғ шуданд ва дар 4 маҳаллаи шаҳр – УПД, Бархоруғ, Хлебзавод ва Навобод амалиёти поккорӣ оғоз ёфт. Гурӯҳҳои маҳаллӣ, ки фармондеҳони собиқи мухолифин Имомназар Имомназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Аёмбеков раҳбарони ғайрирасмии ин гурӯҳҳо шумурда мешуданд, ба муқовимат пардохтанд ва задухӯрдҳо дар Хоруғ 16 соат давом кард.

Дар ҷараёни ин задухӯрдҳо, тавре мақомоти расмии Тоҷикистон соле баъд ба Созмони Милал гузориш доданд, 41 нафар – 18 нафар аз нирӯҳои ҳукуматӣ ва 23 нафар аз сокинони Бадахшон кушта шуданд. Даҳҳо тани дигар дар ин тирандозиҳо ҷароҳат бардоштанд.

Амалиёти Хоруғ билофосила эътирози мардумро дар ин шаҳр ва дар хориҷ ба бор овард. Сокинони Хоруғ бо талаби қатъи амалиёт ва берун кашидани нирӯҳои давлатӣ ду рӯз тазоҳурот карданд. Тазоҳуроти эътирозӣ ба зидди амалиёти Хоруғ ҳамчунин дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар Петербургу Бишкек ва ҳатто дар Вашингтони Амрико доир шуд.

Дар натиҷа, алакай рӯзи 25 июл президент Эмомалӣ Раҳмон амалиётро қатъ ва дар Хоруғ оташбас эълон кард. Раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохон низ аз тарафи худ ба пайравонаш дар Бадахшон фармон дод, ки муқовиматро бо ҳукумат бас карда, силоҳҳояшонро супоранд.

Байни ҳукумат ва раҳбарони гурӯҳҳои ғайрирасмии Хоруғ музокирот доир шгуд ва созише ба имзо расид, ки шартҳое, чун афви гуноҳи ширкаткунандагони ҳодисаҳои Хоруғ дар ивази супурдани силоҳ ва ба мақомот супурдани қотилони генерал Назаровро дар бар мегирифт.

Баъди ин вазъ дар Хоруғ нисбатан ором гирифт ва қисми зиёди нирӯҳои давлатиро берун кашиданд, вале ҳамлаҳои алоҳида дар маркази Бадахшон то тирамоҳи соли 2012 идома ёфт.

Аз ҷумла Сабзаалӣ Мамадризоев, раҳбари бахши шаҳрии ҳизби мухолифи наҳзати исломиро, ки дар гирдиҳамоиҳо фаъолона суханронӣ мекард, силоҳбадастони номаълум аз хонааш берун бароварда куштанд. Як моҳ баъди оғози амалиёт Имомназар Имомназаров, яке аз фармондеҳони ҷавонони Хоруғ низ дар манзилаш ба таври мармуз кушта шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button