ФАЛАК НАХОСТ, АҶАЛ НАМОНД ЗИНДАГӢ КУНӢ… МАРСИЯҲОИ ПУРГУДОЗ ДАР МАРГИ ФАҶЕАТБОРИ САИДАЛӢ МАЪМУР
Марги пайи ҳами ҳамсару писари ягона ва инак худи Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур аз коронавирус ҳамқаламонашро сахт такон дод.
Гулрухсор бо равоншод Саидалӣ Маъмур дӯстии хеле наздик дошт ва ин байтро барои ӯ гуфта буд ки:
Ҳам Саидӣ ҳам Алӣ эй Дӯст,
Дӯстӣ бо Саидалӣ некӯст!
Гулрухсор инак дар марги дӯсти ҳамқаламаш ин мисраъҳои пургудозро навиштааст:
ФИҒОНИ СУКУТ АЗ ПАСИ ТОБУТИ ДӮСТИ ШОИРАМ САИДАЛӢ МАЪМУР
ТАМОМИ РӮЗГОРИ ТУ СУКУТИ ГИРЯ БУДУ ЛОЛИИ ФИҒОН,
ВАЛЕ ФАРИШТАИ СУХАН НАМОНД БАНДАГӢ КУНӢ.
БАРОИ ЗИНДАГОНӢ ОМАДӢ , ДАРЕҒ ДӮСТАМ,
ФАЛАК НАХОСТ , АҶАЛ НАМОНД ЗИНДАГӢ КУНӢ !…
БО ФИҒОНИ НИҲОН ГУЛРУХСОР
Шаҳрия, шоири дигари мо менависад, “рӯзҳои охир фақат аз.писари.ягонааш, аз Фарзон мепурсидаст, ки чаро телфонамро.ҷавоб.намедиҳад…” Фарзон рӯзи 2 июл дар синни 43 ҳамагӣ 5 рӯз баъди модараш Роҳат қурбони коронавирус шуд. Устод Саидалӣ Маъмур бехабар аз марги ҳамсару ҷигарбандаш аз дунё рафт.
Ин фоҷиаи зиндагии Саидалӣ Маъмурро, ки ҳамаи се писараш пеш аз ӯ тарки дунё карданд, чунин ба риштаи тасвир кашидааст:
Шоири озодаю дарвеш рафт,
Некпиндору накуандеш рафт.
Сайдалӣ Маъмур-устоди сухан,
Дар ғами фарзандҳо дилреш рафт.
Исмоил Зарифӣ роҳи зиндагии пурфоҷиаи Саидалӣ Маъмурро бо истифода аз номи китобҳои шоир ба чунин сурат дар қолаби марсия даровардааст:
«Шохаи бишкаста»-аш н-овард бор,
Яккашохаш рӯи нахли тар намонд.
«Решапайванд»-и муҳаббат рафт, рафт,
«Чорзарб»-и хуш ба бому дар намонд.
«Пойизи сабз» дар назарҳо зард шуд,
Офтоби нурфишоне шуд хамӯш.
Ва аммо Шоира Раҳимҷон мотами ин олам дар марги Саидалӣ Маъмурро чунин баён карда:
Эй замин ,
як лаҳзае ист!
Осмон, чодар ба сар кун.
Абр , эй буғзи ҷаҳонгир
Гиряатро бештар кун!
Дод аз дасти фалаки каҷрафтор! То ба кай марсияхонӣ мекунем?
Устод Саидалӣ Маъмур ҳам пайгири ҳамсару фарзанди хеш шудаанд.
Шоире, ки замоне нози ёри гулрӯро мебардошту
“Гулдаста!
Гулдаста чаро дигар баҳрам ту намеорӣ?
Дил кандӣ магар аз ман, наздам ту намеоӣ?”
мегуфт, дар зиндагӣ дарду алами кам надид. Пасу пеш ду шаҳписарро аз даст дод, болои сари писари сеюм, ки охирин такягоҳаш буд, ҷонаш ҳафтларз буд. Метарсид, ки балоҳои осмонӣ ба суроғи яккаписараш оянд, аз ин рӯ ба Офаридгор рӯй меоварду илтиҷо мекард:
“Худоё, яккашохамро нигаҳ дор!”
Вале дасти аҷал қавитар будааст…
Дар миёни чанд рӯз ҳам аз ҳамсару ҳам аз писари охирин ҷудо шуд. Ин воқеа ҳангоме рӯй дод, ки худи устод дар бемористон аз КОВИД табобат мегирифт.
Оҳ, КОВИДи шумному шумрӯ, то ба кай бо шохҷорӯб гули миллатро ҷуфт-ҷуфту гурӯҳ-гурӯҳ ҷониби адам рӯфтану бурдан? Ман, ростӣ, аз шунидани шумхабар комилан монда шудаам. Дигар бо тарс ба Фейсбук медароям. Метарсам, ки боз нафаре аз азизонро аз даст дода бошам.
Бас аст, охир!!!
Рафт шоир, рафт шоир аз ҷаҳони обу гил
Сина моломоли ранҷу ҳасрати дунё ба дил.
Равонатон шод бод устоди азиз
Шоира Рахимчон
АЛВИДОЪ,ШОИР!
Навдаи тар хам кашида,
Дар азои марги шоир.
Рехт аз шохи замона,
Ғунчаҳову барги шоир.
Эй замин ,
як лаҳзае ист!
Осмон, чодар ба сар кун.
Абр , эй буғзи ҷаҳонгир
Гиряатро бештар кун! Sh.R
Барои Устод Саидалӣ Маъмур
Хушбахт инсонҳое ҳастанд, ҳар лаҳзаи зиндагиашонро барои офаридан,некӣ кардан,дӯст доштан бахшидаанд. Устод Саидалӣ Маъмур аз ҳамин гуна инсонҳо буданд.Аз тифлӣ агарчанде дарди ятимиро чашида бошад ҳам, боре бечоранолӣ намекарданд,баръакс чун ашрофзодае ба назар менамуданд.Солҳои дарҳам барҳами 90 мо бо Устод ба ноҳияи Совет, сафар доштем,нахуст ба интернати бачаҳои бесаробонмонда сар задем.Устодро ба минбар хостанд,аммо баробари ба минбар баромадан ашкаш.сарозер.мешуд ва ëррои суҳбат.кардан надоштанд,ман баробарашон ба минбар баромадаму сухан кардам ва устод фақат ашк рехтанд,яъне бачаҳои ятимро дида, ятимии худ ба ëдаш.расид,чун гуфтанд,ëди андӯҳ аз.андуҳ гаронтар аст.Худо раҳмат.кунад,наметавонам идома додан.Рузҳои охир фақат аз.писари.ягонааш, аз Фарзон мепурсидаст, ки чаро телфонамро.ҷавоб.намедиҳад
Шоири озодаю дарвеш рафт,
Некпиндору накуандеш рафт.
Сайдалӣ Маъмур-устоди сухан,
Дар ғами фарзандҳо дилреш рафт.
·
«ЗАВРАҚИ УММЕД»И ДИЛ БИШКАСТ ЗУД…
Дар марги ногаҳонии устод Саидалӣ Маъмур, ки баъди марги ҳамсараш Роҳат ва охирин фарзандаш Фарзон фаро расид. Пеш ду писари дигарашро бо ҷигари реш-реш ба хок супурда буд. Ба қавли устод Бозор Собир: Хонавода пароканда шуд…
«Заврақи уммед»-и дил бишкаст зуд,
Зиндагиро «Меҳвар»-и дигар намонд.
«Офтоби дил» кунун хомӯш гашт,
«Давлати дидор» андар бар намонд.
Шоири шӯрида баъд аз ҳамсараш,
Рафт аз олам ба қалби чок-чок.
Дар дилаш буд ҳасрати марги писар,
Ормонаш бурд бо худ зери хок.
«Оташи меросӣ»-ро хомӯш кард,
Монд, аммо дар «Назаргоҳи дил»-аш.
Баски буд содиқ бо «Савганд»-и хеш
Тарк кард имрӯз базму маҳфилаш.
«Толеъ» дасти хеш бигрифт аз сараш,
«Рози дарё» то абад накшода монд.
Дод аз даст баъди модар додараш,
Мурғи бахташ рӯи раҳ афтода монд.
Гиряҳо бинмуд то ин рӯзи шум,
Се писарро дод бар дасти қазо.
«Яккашохамро ба пириҳо расон», —
Буд доим дар забонаш ин дуо.
«Шохаи бишкаста»-аш н-овард бор,
Яккашохаш рӯи нахли тар намонд.
«Решапайванд»-и муҳаббат рафт, рафт,
«Чорзарб»-и хуш ба бому дар намонд.
«Пойизи сабз» дар назарҳо зард шуд,
Офтоби нурфишоне шуд хамӯш.
Комрону Масрурашро ёд кард,
Гашт дар ҷаннат чу Фарзон гулфурӯш.
Ёди устоди закии шеъри тар,
То абад дар қалби мо поянда бод!
Гар зи «Ҳамсолон»-и ӯ фарде намонд,
Дар назарҳо наҷми ӯ тобанда бод!…