ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАРГУЗАШТИ ПРОКУРОРИ ШАҲРИСТОН МАХСУМҶОН ДАВЛАТОВ ВА ТОҶИР МИРЗО ҚАЮМОВ

Прокурори ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Махсумҷон Давлатов рӯзи 25 июл дар синни 56 аз бемории диабети қанд аз олам чашм пӯшид.

Махсумҷон Давлатов соли 1965 дар ноҳияи Рашт ба дунё омада, риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2018 прокурори Шаҳристон буд. Пеш аз он Махсумҷон Давлатов роҳбарии идораи додситонии ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-ро бар ӯҳда дошт.

Ноз Ҳамдамова, хоҳари марҳум, дар ҳоле ки тобути бародарашро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз Шаҳристон ба ноҳияи Рашт мебурд, ба “Бомдод” гуфт: “Бародарам як инсони хоксору заминӣ буд.  Ҷигарам барояш месӯзад…”

Аз Махсумҷон Давлатов 6 фарзанд: 5 духтар ва як писар боқӣ монд.

Noz Hamdamova

Имруз чавонмарди зодаи Раштонзамин Прокурори нохияи Шахристон вилояти Сугд Давлатов Махсумчон ин дунёро тарк кард.

Чоят чанат шавад илохим.

Ҳамчунин тарҷумон ва тоҷири дастбахайр Мирзо Қаюмов рӯзи 25 июл  дар синни 64 вафот кардааст.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, Мирзо Қаюмов дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология, маъруф ба клиникаи Мансуров дар пойтахт аз коронавирус табобат мегирифт, вале мутаассифона, табибон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Сардабири ҳафтаномаи “СССР Сайёфи Мизроб навишт, “дареғу дод, акои Мирзо Қаюмови зебои мо ҳамин ҳолло бар асари куруно ба олами улвӣ пайваст. Ҷоят биҳишт, акаҷон…”

Шоираи Раҳимҷон навишт, “як инсони накӯву наҷибу кадхудову инсонпарвар ва дар самимият вижа моро падруд гуфт”.  Бисёриҳо аз Мирзо Қаюмов ба унвони як марди дилкушод ва дастбахайр ёд карда, навиштаанд, ки ӯ ҳамеша ба аҳли адабу фарҳанг дасти ёрии худро дареғ намедошт.

Сайф Достиев

Дарегу дод, акои Мирзо Каюмови зебои мо бар асари куруно хамин холо бо олами улви пайваст. Чоят бихишт акачон…

Шоира Рахимчон 

Мирзо Қаюмов даргузашт

Фоҷиа барои ҷамъи дустон ва ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ҷигархун шудем

Як инсони накуву наҷибу кадхудову инсонпарвар ва дар самимият вижа моро падруд гуфт. Ҷоят ҷаннат, дусти ҷавонмарги мо, равонат шо

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button