Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДАР ҲАҚҚИ НАЗИРА АМИРБЕКЗОДА ДУО КУНЕД! МУОВИНИ РАИСИ ВМКБ БА КОРОНАВИРУС ГИРИФТОР ШУДААСТ

Журналисти тоҷик Ҷамила Мирбозхонова хабар дод, ки Назира Амирбекзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯзҳо ба вабои аср коронавирус гирифтор шудаасту вазьи саломатиашон чандон хуб нест.

Ҷамила Мирбозхонова бо орзуи шифои комилу оҷил ба Назира Амирбекзода, аз ҳама хостааст, ки “дӯстон, дар хакки як Модари мушфику чонфидои Ватан дуо кунед! Худ ва наздиконатонро эхтиет кунед!”

Назира Амирбекзода  9 апрели соли 1973 дар деҳаи Миденшори ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба дунё омада, соли 1998 риштаи шарқшносии Донишгоҳи Хоруғро хатм кардааст.

Аз соли 1998 то 2002 ӯ дар ТВ “Ҷаҳоноро” дар шаҳри Чкалов (ҳоло Бӯстон) дар вилояти Суғд кор карда, аз соли 2003 то 2006 дар ТВ “Пойтахт” ва сипасто соли 2008  ҳамчун сухангӯи вазорати обу обёрии Тоҷикистон кор кардааст. Назира Амирбекзода аз соли 2008 то 2014 дар Шабакаи аввали ТВ Тоҷикистон кор кард ва соли 2014 раҳбари идораи ТВ ва радиои ВМКБ таъйин шуд. Соли 2015 Назира Амирбекзода ба Душанбе баргашт ва муовини раиси Кумитаи ТВ ва радиои Тоҷикистон таъйин шуд.  Ӯ дар тирамоҳи соли 2018 дар пайи ба мақоми раиси ВМКБ омадани Ёдгор Файзов муовини ӯ таъйин шуд.  Назира Амирбекзода дар маъмурияти вилоят умури занону оила, масоили фарҳангӣ, ҷавонон ва варзишро бар уҳда дорад.

Хабари ба коронавирус гирифтор шудани муовини раиси ВМКБ дар ҳолест, ки Назира Амирбекзода рӯзи 25 июн бо насби рамзи ваксина дар гирди як акси худ дар саҳифааш дар Фейсбук аз ваксинаи зидди ин беморӣ гирифтанаш хабар дода буд.

https://www.facebook.com/photo?fbid=1392564284476733&set=a.128709097528931

Моҳи майи соли 2020, дар айни авҷи мавҷи якуми коронавирус, Назира Амирбекова дар Фейсбук хабар дода буд, ки модараш Қурбонбекова Зумрад Дилдорбековна, мутаваллиди соли 1950, дар  синни 70 коронавирусро шикаст дод ва шифо ёфт.

Модари 70-солаам баьди гузаронидани ташхис дар Маркази тибби Оғохон дар шахри Хоруғ табибон муайян намуданд, ки ба бемории COVID-19 гирифтор шудааст.  Коронавирус барои ин синну сол албатта осебпазир унвон мешавад ва гуруҳи хавф (группа риска) ва пуршиддаттар мегузарад. Баьди 14 рӯзи дастбагиребонии шадид ва  маҳз бо шарофати сари вақт табобат гирифтан аз ин беморӣ шифо ёфтанд. Қурбонбекова Зумрад Дилдорбековна, мутаваллиди 1950, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Поршневи ношияи Шуғнони ВМКБ мебошад. Ӯ дар синни 70-солагӣ коронавирусро мағлуб сохт! Пас набояд тарсид, мо низ ғолиб хоҳем гардид!”,  навишта буд Назира Амирбекова.

Набояд тарсид, хоҳари азиз! ИншоАллоҳ, Шумо низ мисли модаратон бар ин беморӣ ғолиб хоҳед омад! Бароятон шифои комил металабем.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button