ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ВИДЕО: ШУМО КӮРЕД! ИНҶО ҶОИ ШУМО НЕСТ! ДАР ПАРКИ ХАЙЁМ НОБИНОЁНРО БА “ТЕППАҲОИ АМРИКОӢ” РОҲ НАДОДАНД

Сиёвуш Илёсов (Siyovush Ilyasov), яке аз фаъолони ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, шоми 24 июл бо нашр  як муроҷиатномаи видеоӣ дар саҳифааш дар Фейсбук аз он шикоят кард, ки ӯву дӯстонаш, ки мисли вай қувваи басораташон заиф аст, рӯзи шанбе ҳангоми истироҳат дар Парки Умари Хайём дар пойтахт ба далели маъюбиашон мавриди табъиз қарор гирифтаанд.

Сиёвуш нақл кард, ки дар чанд аттраксиони ин боғ бидуни мамониат савор шудаанд, вале вақте мехостанд савори “Теппаҳои амрикоӣ” (“Американские горки”) шаванд, масъули ин аттраксион онҳоро роҳ надодааст.

“Шумо кӯред, ҳаққи савор шудан надоред. Инҷо ҷои шумо нест, барои шумо ба ман гап мерасад, гуфт масъули аттраксион ба тарафи мо. Ҳол он ки мо дар дигар аттраксионҳо бе мамониат савор шудем ва бо ин аттраксион ҳам ҳеҷ мушкилие надоштем.  Охир, мо гунаҳкор нестем, ки чунин маъюб ба дунё омадаем”,  гуфт Сиёвуш Илёсов.

Дӯстони ӯ низ дар ин видео гуфтанд, ки бархӯрди табъизомези корманди боғи Хайём сахт нороҳаташон кардааст. “Вақте мо гуфтем, ки шикоят мекунем, гуфт, куҷое мехоҳед, равед, шикоят кунед! Аз дастатон ҳеҷ чиз намеояд!” – нақл кард яке аз ҳамроҳони Сиёвуш.

Бисёриҳо дар зери ин видео аз мақомоти шаҳри Душанбе, бахусус аз мақомоти милисаи шаҳр хостаанд, ки аз ҳуқуқи ин маъюбон ҳимоят кунанд ва нафарони гунаҳкор дар чунин бархӯрди табъизомез нисбат ба ин қишрро ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Фарогирӣ (Inclusivity, inclusiveness/ инклюзивность, всеохватность), яъне эҷоди шароит барои дастрасии баробари тамоми қишрҳо, аз ҷумла маъюбон ба хидматрасониҳо ҳоло яке аз меъёрҳои муҳим барои баҳогузории ҷаззобияти ин ё он шаҳр барои сайёҳат (туризм) ба шумор меравад. Ва ин фарогирӣ танҳо  сохтани ҷодаву пайроҳаҳои махсус барои маъюбон ё насби чароғакзҳои садодор барои нобиноён дар роҳҳои мошингард нест. Фарогирӣ аз ҷумла таъмини дастрасии қишрҳои осебпазир ба хидматрасониҳои тафреҳӣ, аз ҷумла дар паркҳоро низ дар бар мегирад. Ва шикоятҳои маъюбон аз набуди чунин шароит, ба мисли шикояти Сиёвуш Илёсов, метавонад рейтинги туристии Душанберо ҷиддин пойин бибарад ва пойтахти Тоҷикистонро ҳамчун як шаҳри барои қишри маъюб номақбул қаламдод кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button