ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН

Рӯзи 24 июл дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон тирпарронӣ шудааст.

Ба гуфтаи сокинон аввали марзбонони қирғиз тир кушоданд ва сарҳадбонони тоҷик ҷаворб доданд. Тирандозӣ дар мавзеи Қуммазор беш аз 10 дақиқа давом карда, ҳоло қатъ шудааст.

Ҷониби Қирғизистон ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодааст, вале дар шаҳрдории Исфара ба Радиои Озодӣ рух додани ин ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, айни замон раиси шаҳр ва дигар афроди масъул барои муайян кардани сабабҳои сар задани ин муноқиша ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Як сокини Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт:“Вақте сокинони Чоркӯҳ ба мавзеи Қуммазор барои тозаву ба тартиб овардани ҷойҳои истироҳатӣ рафтанд, қирғизҳо монеъ шуданд. Ба сӯйи сокинон низомиёни қирғиз тир холӣ карданд ва марзбонони тоҷик ҳам ҷавоб доданд. Тирандозӣ беш аз 10дақиқа давом кард.”

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз 970 км марзи мустақими байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсии марз, асосан дар марзи байни Исфараву Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон ҳар сари чанд вақт бар сари обу замин ва роҳу чарогоҳ байни сокинони ду тарафи марз ва марзбонҳо муноқишаҳо сар мезананд.

Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ рух дод, ки аз ду тараф 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт: 19 кушта ва 87 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва 36 захмӣ ва 153 захмӣ аз ҷониби Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи июн ба Душанбе омад, вале бо вуҷуди 7 соати музокироти пушти дарҳои даста ӯ ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи марз ба тавофуқ расида натавонистанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button