ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТаърихТоҷикистон

СОЛГАРДИ АМАЛИЁТИ ХОРУҒ: САБАБҲО ВА САБАҚҲО

Субҳи 24 июли соли 2012 нирӯҳои давлатии Тоҷикистон вориди шаҳри Хоруғ шуданд. Дар ҷараёни 16 соати задухӯрдҳо аз ҳарду тараф беш аз 40 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Вале то имрӯз бисёре аз саволҳои пиромун ин амалиёт бепосух боқӣ мондаанд.

Сабаб ё баҳонаи расмии оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ куштори генерал Абдулло Назаров, раҳбари раёсати амнияти вилояти Бадахшон шуд. Генерал Назаровро, ки аз Душанбе ба ин мақом эъзом шуда буд, шоми 21 июл дар Наводак, деҳае дар дукилометрии Хоруғ аз мошинаш фароварда, бо зарби корд куштанд.

Мақомот билофосила дар ин куштор Толиб Аёмбеков, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар Бадахшонро айбдор карда, талаб карданд, ки омилони қатли генералро таслим кунанд.

Барои музокирот вазири дохила Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов ва вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ба Хоруғ рафтанд ва Раҳимзода аз тариқи телевизиони вилоятӣ бори дигар тақозо кард, ки гурӯҳҳои ғайриқонунӣ силоҳҳои худро супурда, ҷинояткоронро то 24 июл таслим кунанд, вагарна давлат маҷбур аст, аз нирӯи низомӣ истифода барад.

Вале Толиб Аёмбеков қатли генерал Назаровро натиҷаи муноқишааш бо ҷавонони маҳаллӣ номида, даст доштани худаш дар ин кушторро рад мекард.

Субҳи 24 июл нирӯҳои давлатӣ вориди Хоруғ шуданд ва дар 4 маҳаллаи шаҳр – УПД, Бархоруғ, Хлебзавод ва Навобод амалиёти поккорӣ оғоз ёфт. Гурӯҳҳои маҳаллӣ, ки фармондеҳони собиқи мухолифин Имомназар Имомназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Аёмбеков раҳбарони ғайрирасмии ин гурӯҳҳо шумурда мешуданд, ба муқовимат пардохтанд ва задухӯрдҳо дар маркази Бадахшон 16 соат давом кард.

Дар ҷараёни ин задухӯрдҳо, тавре мақомоти расмии Тоҷикистон соле баъд ба Созмони Милал гузориш доданд, 41 нафар – 18 нафар аз нирӯҳои ҳукуматӣ ва 23 нафар аз сокинони Бадахшон кушта шуданд. Даҳҳо тани дигар дар ин тирандозиҳо ҷароҳат бардоштанд.

Амалиёти Хоруғ билофосила эътирози мардумро дар ин шаҳр ва дар хориҷ ба бор овард. Сокинони Хоруғ бо талаби қатъи амалиёт ва берун кашидани нирӯҳои давлатӣ ду рӯз тазоҳурот карданд. Тазоҳуроти эътирозӣ ба зидди амалиёти Хоруғ ҳамчунин дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар Петербургу Бишкек ва ҳатто дар Вашингтони Амрико доир шуд.

Дар натиҷа, алакай рӯзи 25 июл президент Эмомалӣ Раҳмон амалиётро қатъ ва дар Хоруғ оташбас эълон кард. Раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохон низ аз тарафи худ ба пайравонаш дар Бадахшон фармон дод, ки муқовиматро бо ҳукумат бас карда, силоҳҳояшонро супоранд.

Аз ҳисоби фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон як гурӯҳи 20-нафарӣ ташкил шуд, ки ҳамроҳ бо ду намояндаи Сандуқи Оғохон дар музокироти байни намояндагони ҳукумат ва раҳбарони гурӯҳҳои ғайрирасмии Хоруғ нақши миёнаравро ба дӯш гирифтанд. Бо миёнаравии онҳо бо ҳукумат созише низ ба имзо расид, ки шуруте, чун афви гуноҳи ширкаткунандагони ҳодисаҳои Хоруғ дар ивази супурдани силоҳи онҳо, ба мақомот супурдани омилони куштори генерал Назаровро дар бар мегирифт.

Баъди ин вазъ дар Хоруғ нисбатан ором гирифт ва қисми зиёди нирӯҳои давлатиро берун кашиданд, вале ҳамлаҳои алоҳида дар маркази Бадахшон то тирамоҳи соли 2012 идома ёфт.

Аз ҷумла Сабзаалӣ Мамадризоевро, раҳбари бахши шаҳрии ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ, ки дар гирдиҳамоиҳо фаъолона суханронӣ мекард, силоҳбадастон аз хонааш берун бароварда куштанд. Як моҳ баъди оғози амалиёт Имомназар Имомназаров, яке аз фармондеҳони ҷавонони Хоруғ низ дар манзилаш ба таври мармуз кушта шуд.

Ҳодисаи дигар рӯзи 10 август дар посгоҳи Бидур рух дод, ки дар натиҷаи тирандозии маъмурони посгоҳ 4 нафар кушта шуданд.

Дар бораи аҳдофи аслии амалиёти Хоруғ фарзияҳои мухталифе – сар карда аз дасти абарқудратҳо тарҳи сохтани “Бадахшони бузург”, аз хунсо кардани мафияи маводи мухаддиру тамоку то талоши ҳукумат барои назорати комил бар минтақае, ки то ҳол дар назари Душанбе мутеи комил наменамояд, баён мешуданд. Вале як сол баъди амалиёти Хоруғ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода гуфт, дар ин амалиёт ягон бозии геополитикӣ набуд: «Мо мушаххасан мегӯем, ки зидди ҷинояткорони муташаккил ҷангида будем. Ин гурӯҳи муташаккил бо истифода аз яроқ муқобилият нишон дода буд, ки ҳама шоҳиди ин будем. Ин гурӯҳҳо зеру забар шуданд. Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёт чанд шаҳрванди бегуноҳ ҳам кушта шуданд. Дигар ягон геополитика ва таъқиби мардуми бегуноҳ ин ҷо вуҷуд надорад.»

Бо гузашти чанд сол аз амалиёти Хоруғ дар бораи бо ҷурми даст доштан дар ин ҳаводис маҳкум шудани танҳо ду нафар – Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров гузориш шудааст. Ду нафари дигар – бародар ва ронандаи Толиб Аёмбеков – Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов – барои куштани генерал Абдулло Назаров маҳкум ба зиндон шуданд.

Ёдгор Мамадасламов тоза қарзашро аз “Амонатбонк” соф карда, ин бонк молу мулки Толиб Аёмбековро ба фурӯш гузоштааст, то қарзашро аз ин фармондеҳи як замон пурнуфуз бирӯёнад.

Ва аммо бо вуҷуди аз арса танг кардани фармондеҳони як замон пурнуфуз авзоъ дар Хоруғ то чанд соли дигар ҳамчунон осебпазир боқӣ монд.

Дар моҳи майи соли 2014 дар пайи кушта шудани се нафар дар як тирандозии байни нирӯҳои ОМОН ва як гурӯҳи гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир дар Хоруғ дигарбора нооромиҳо сар шуд. Мардуми башӯромада биноҳои раёсати корҳои дохила, додситонӣ ва додгоҳи вилоят ва ҳам манзили сардори милисаи шаҳр дар маҳаллаи Бархоруғро оташ заданд. Душанбе боз маҷбур шуд, “сӯхторнишон”-и касбиаш – генерал Шералӣ Хайруллоевро дигарбора ба Хоруғ бифиристад. Боз байни намояндагони ҳукумат ва фаъолони Бадахшон музокирот сурат гирифт ва боз як протоколи дигар ба имзо расид ва вазъ нисбатан рӯ ба оромиш овард.

Моҳи сентябри соли 2018 дар пайи як интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи амнияту тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тамоми роҳбарони ин вилояту марказаш, шаҳри Хоруғ ва ҳамин тавр, роҳбарони мақомоти амниятии тақрибан ҳамаи манотиқи ВМКБ аз кор барканор карда шуда, барои “барқарор кардани тартибот” як ситоди байниидоравӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати марказӣ он вақт ба Бадахшон нирӯҳои иловагӣ, аз ҷумла нирӯҳои вижаи ОМОН ва Алфаро фиристод. Бо гузашти қариб се сол ин нирӯҳои иловагӣ ҳамчунон дар Бадахшон боқӣ мондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button