ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

НАХУСТИН ВИДЕО АЗ МАҲАЛЛИ ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН

Сокинони Қирғизистон нахустин видео аз маҳалли тирпарронии рӯзи 24 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро нашр карданд. Бино ба гузориши хабарнигори хабаргузории қирғизии Turmush, рӯзи 24 июл ҳудуди 60 сокини Тоҷикистон дар мавзеи Қуммазор дар наздикии деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон бо мақсади гузарондани шанбегӣ ҷамъ шудаанд. Дар видео дида мешавад, ки онҳо бо белу каланд як заминро ҳамвор карда истодаанд ва ду марзбони тоҷик онҳоро нигаҳбонӣ мекунанд.

Вале ин шанбегӣ дар қитъаи баҳсии марз норозигии сокинони Кӯктошро ба бор овардааст. Сипас марзбонҳо ба баҳс ҳамроҳ шудаанд ва кор ба тирпарронӣ печидааст. Хабарнигори “Турмуш” иддао мекунад, ки аввал марзбонони тоҷик тир кушоданд ва марзбонони қирғиз ҷавоб доданд.

Вале сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, асли ҳодиса баракс буд: аввал марзбонони қирғиз тир кушоданд ва сарҳадбонони тоҷик ҷавоб доданд.

Як сокини Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт:“Вақте сокинони Чоркӯҳ ба мавзеи Қуммазор барои тозаву ба тартиб овардани ҷойҳои истироҳатӣ рафтанд, қирғизҳо монеъ шуданд. Ба сӯйи сокинон низомиёни қирғиз тир холӣ карданд ва марзбонони тоҷик ҳам ҷавоб доданд. Тирандозӣ беш аз 10 дақиқа давом кард.”

Ҷониби Қирғизистон ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодааст, вале дар шаҳрдории Исфара ба Радиои Озодӣ  рух додани ин ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, айни замон раиси шаҳр ва дигар афроди масъул барои муайян кардани сабабҳои сар задани ин муноқиша ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз 970 км марзи мустақими байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсии марз, асосан дар марзи байни Исфараву Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон ҳар сари чанд вақт бар сари обу замин ва роҳу чарогоҳ байни сокинони ду тарафи марз ва марзбонҳо муноқишаҳо сар мезананд.

Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ рух дод, ки аз ду тараф 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт: 19 кушта ва 87 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва 36 захмӣ ва 153 захмӣ аз ҷониби Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи июн ба Душанбе омад, вале бо вуҷуди 7 соати музокироти пушти дарҳои даста ӯ ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи марз ба тавофуқ расида натавонистанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button