ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК АНГИШТКАН БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР КОНИ ШӮРОБ

Нимаи дуюми рӯзи 24 июл бар асари таркиш дар кони ангишти Шӯроб дар канори шаҳри Исфара дар шимоли Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расида, чанд нафар захмӣ шудаанд. Радиои Озодӣ аз қавли масъулони кон хабар дод, ки  бино бар фарзияи пешакӣ, таркиш аз газе, ки аз дохили нақбҳои зеризаминии кон хориҷ мешавад, ба амал омадааст. Гурӯҳҳои наҷот ҳоло бо бартарафкунии оқибатҳои ин ҳодиса машғул будаанд.

Ҳусейн Бобозода, сармуҳандиси кони ангишти Шӯроб рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳодиса тахминан соати 16:30 дақиқа рух дод ва Абдуманнон Тошбоев сардори бригадаи коргарон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ӯро ба ташхисгоҳ бурдем ва ҳоло корро муваққатан то бартарафшавии садама қатъ кардем.”

Як манбаъи боварибахши Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бар асари таркиш дар кони ангишти Шӯроб 7 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бобозода гуфт, чунин садамаҳо хеле кам рух медиҳанд ва дар 10 соли охир ягон ангишткан дар кони Шӯроб ҳалок нашуда буд.

Кони ангишти Шӯроб  яке аз қадимитарин ва калонтарин конҳои ангишти Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар даврони Шӯравӣ дар ин кон 3 ҳазор нафар кор мекард ва солона 10 миллион тонна ангишт истеҳсол мешуд. Ҳоло солона аз ин кон 32 ҳазор тонна ангишт  истихроҷ мекунанд ва дар кони Шӯроб феълан ҳудуди 400 нафар кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button