ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

ФОҶИАИ ТАЛХИ ЗИНДАГИИ САИДАЛӢ МАЪМУР: ДАР БАЙНИ ЯК МОҲ АВВАЛ ҲАМСАР, БАЪД – ПИСАР ВА АКНУН ХУДИ ШОИР ТӮЪМАИ ВИРУС ШУД

Аҷал дар як моҳи охир се дафъа дари хонаи шоирро кӯфт: Аввал ҳамсарашро бурд, баъд писарашро ва акнун худи устод Саидалӣ Маъмурро…

Саидалӣ Маъмур, Шоири халқии Тоҷикистон шоми 24 июл дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Як моҳи охир шоири шинохта  бо коронавирус дастбагиребон буд, вале мутаассифона, ин набард ҳам дар ниҳоят ба фоидаи вирус анҷом ёфт.

Дар як моҳи охир Саидалӣ Маъмур инак сеюмин узви оилааш аст, ки тӯъмаи коронавирус шуд.

Роҳат Маъмурова, ҳамсари шоир, ки як умр аз фанни забони адабиёт дар мактаб дарс медод, рӯзи 25 июн дар бемористон дар синни 72 аз коронавирус вафот кард. Яке аз пайвандони шоир хабар дод, ки “ҷанозаро рост аз бемористон ба қабристон барда дафн карданд. Маросими дуову фотеҳа дар хонаи шоир бегоҳ баргузор шуд…”

Ҳанӯз аз марги ҳамсари Саидалӣ Маъмур як ҳафта ҳам ногузашта, ғаму мотам дигарбора ҳалқаи дари хонаи Шоири халқии Тоҷикистонро  кӯфт. Рӯзи 2 июл Фарзон, писари устод Саидалӣ Маъмур, охирин писари ӯ дар синни 43 аз дунё рафт. Иллати марги Фарзон ҳам коронавирус шуд.

Саидалӣ Маъмур ва писараш Фарзон

Саидалӣ Маъмур дар зиндагии шахсиаш рӯзҳои пурфоҷиаеро пушти сар кардааст. Ду писари ӯ дар синни ҷавонӣ ҷавонмарг шуданд ва Фарзон ягона писари ӯ буд, ки зинда боқӣ монда буд. Шоир ҳатто дар як шеъраш пеши Худо илтиҷо карда буд, ки:

Худоё, яккашохамро нигаҳ дор!

Аммо теғи аҷал ба охирин писари Саидалӣ Маъмур ҳам раҳм накард…

Саидалӣ Маъмур Шоири халқии Тоҷикистон (2003), Корманди шоистаи  Тоҷикистон (1997) ва барандаи ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон (1978) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1996) буд.

Шоир  28 декабри соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Истаравшан (он вақт Ӯротеппа) ба дунё омада, соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро  хатм кардааст. Ӯ дар Радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор карда, чандин сол муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), раиси Хазинаи адабиёт, сармуҳаррир ва ҷонишини мудири Нашриёти «Адиб» ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Офаридаҳояш аз соли 1963 чоп шуда, аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Саидалӣ Маъмур муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Заврақи умед» (1967), «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рӯҳи баланд» (1983), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Чашми ситора» (ба ҳуруфи форсӣ, 1990), «Солгиреҳ» (1994), «Гарди Офтоб» (1994), «Шохаи шикаста» (1998), «Овои мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Чорзарб» (2003), «Офтобгардон» (2007), «Пойизи сабз» (2011), «Ситорашукуф» (2011), «Давлати дидор» (2014) аст. Маҷмӯаҳои «Сӯзанак» (1985), «Навоҳои Гулдара» (1988), «Карчи харбуза» (1993), «Анӯшаҷони ҷони мо» (2004) ва «Алвончак» (2013) ашъори барои кӯдакон офаридаашро фаро гирифтаанд. Маҷмӯаи мақола, тақриз ва сафарномаҳояш бо номи «Сухан аз дӯстон ва устодон» соли 2007 нашр шуда, бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёташ соли 2004 китоби дастҷамъии «Одам ба одам зинда аст» ба табъ расидааст.

Ашъори ба русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Жажда» (Маскав, 1977), «Зелёные ветры» (Маскав, 1982), «Берег сердца» (Маскав, 1987), «Середина лета» (Душанбе, 1987), «Сейсмограф сердца» (Маскав, 1990), «Четыре времени любви» (Душанбе, 1992), «Газель сердца» (Маскав, 1994) ба табъ расидаанд.

Китобҳои Т. Зумакулова «Ширмаҳтоб». А.Орифов «Ихлос», А. Оғобоев «Акси садо», Р.Бородулин «Ситораи дидор», Л. Шипахина «Ёдгори шаб», А. Атабоев «Як шоха гул», баёзи шеъри «Сози муғул», «Созҳои бародарӣ» ва намунаҳое аз ашъори Г. Лорка, И. Анненский, Я. Полонский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

 Шеърҳояш ба бисёр забонҳои мардуми шӯравӣ ва дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаҳои алоҳидааш «Турналар» (1991), «Қуёш фарзанди» (2009) ва «Лаҳзаҳои ҷовид» (2009) ба забонҳои ӯзбекӣ ва забонҳои белорусӣ чоп шудаанд. Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон борҳо мунташир гардидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button