ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ДАР ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗИ ИСФАРА ЯК МАРЗБОНИ ТОҶИК ЗАХМӢ ШУДААСТ (ВИДЕО)

Шӯҳрат Қурбонов, як марзбони тоҷик дар тирандозии субҳи  24 июл дар мавзеи Қуммазор дар марзи ҷамоати Чоркуҳи Исфара бо деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон захмӣ шудааст.

Масъулони ҷамоати Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, марзбони тоҷикро ба шифохонаи марказии шаҳри Исфара интиқол додаанд. Дар деҳаи Хоҷаи Аъло музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад.

Субҳи 24 июл сокинони Чоркӯҳ адр мавзеи Қуммазор шанбегӣ ташкил кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, онҳо дар тӯли солиён аз реги шифобахши ин мавзеъ озодона истифода мебурданд ва то ин дам ягон навъ баҳсе бар сари мавзеи Қуммазор вуҷуд надошт.  Вале ин бор сокинони Кӯктош ва марзбонони қирғиз болои сари онҳо рехта, талаб кардаанд, ки корҳоро дар Қуммазор қатъ кунанд, чунки ин мавзеъ қитъаи баҳсӣ ҳисоб мешавад.

Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, ки аввал марзбонҳои қирғиз болои онҳо тир кушоданд ва марзбонони тоҷик маҷбур шуданд, ки ҷавоб диҳанд.  Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, баракс аввалин шуда марзбонҳои тоҷик даст ба силоҳ бурдаанд.

Қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷикистон ҳанӯз расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Вале  Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар баёнияаш мегӯяд, сокинони Тоҷикистон бидуни мувофиқати пешакӣ мехостанд мавзеи Қуммазорро аз сангу рег тоза кунанд ва аз иҷрои талаби ҷониби Қирғизистон дар мавриди қатъ кардани ин корҳо саркашӣ карданд.

“Гузашта аз ин, шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш карданд, ки як шаҳрванди Қирғизистонро латтукӯб кунанд. Сипас раддубадали лафзӣ байни сокинони ду кишвар ба занозанӣ ва сангборони якдигар печид. Дар ҷараёни муноқиша марзбонони Тоҷикистон ба тарафи Қирғизистон тир кушоданд. Марзбонҳои қирғиз дар ҷавоб ба тарафи Тоҷикистон тир андохтанд. Дар натиҷаи тирандозӣ аз ҷониби Қирғизистон касе тир нахӯрдааст ва осеб надидааст”, гуфта мешавад дар изҳороти марзбонони қирғиз.

Тирпарронӣ дар марз тақрибан 10 дақиқа тӯл кашидааст.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз 970 км марзи мустақими байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсии марз, асосан дар марзи байни Исфараву Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон ҳар сари чанд вақт бар сари обу замин ва роҳу чарогоҳ байни сокинони ду тарафи марз ва марзбонҳо муноқишаҳо сар мезананд.

Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ рух дод, ки аз ду тараф 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт: 19 кушта ва 87 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва 36 захмӣ ва 153 захмӣ аз ҷониби Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи июн ба Душанбе омад, вале бо вуҷуди 7 соати музокироти пушти дарҳои даста ӯ ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи марз ба тавофуқ расида натавонистанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button