ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ҚУММАЗОР АЗ ТОҶИКИСТОН АСТ Ё ҚИРҒИЗИСТОН? ШАРҲИ РАСМИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОН

 24-уми июли соли равон, тибқи мувофиқаи қаблии раисони ҷамоатҳои Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Оқсойи ноҳияи Боткен, сокинони  шаҳри Исфара ба тоза намудани мавзеи Куммазори маҳаллаи И.Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркуҳ шурӯъ намуданд.

Соати 9:30 беш аз 20 нафар сокинони деҳаи Кӯктоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба мавзеи наздисарҳадии Қуммазор маҳаллаи И.Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара омада, бо шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаи лафзӣ намуданд. Сипас шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони ҶТ сангпартоӣ карданд.

Бо мақсади ҳалли қазияи мазкур ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони ҳар ду ҷониб ҳозир шуданд. Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи талаботи муқаррароти банди 4-уми  Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни КДАМ ҶТ ва КДАМ ҶҚ (ш.Тошканд, 07.11.2019), Протоколи мулоқоти кории Фармондеҳони ҚС ҶТ ва ҶҚ аз 20.06.2007 ва дигар созишномаҳои баимзорасида амали ғайриқонунии  сокинони деҳаи Коктошро дастгирӣ намуда, бе ягон асос нисбат ба шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон аз силоҳи оташфишон истифода карданд. Марзбонони тоҷик ба амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз ҷавобан тир кушоданд.

Изҳороти Хадамоти марзбонии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба қарор доштани  мавзеи Қуммазор дар ҳудуди ин кишвар, ки дар сомонаҳои қирғизӣ нашр гардидааст, асоси ҳуқуқӣ надорад. Зеро, тибқи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва маводҳои комиссияи паритетии соли 1989 минтақаи мазкур (координатҳои топографии 395700II, 703300II) пурра ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Хулосаи саросемавор ва ҳамзамон сарфи назар кардани меъёрҳои ҳуқуқии тибқи талаботи муқарраргардидаи муносиботи байналхалқӣ қабулшуда дар масъалаи мансубияти ҳудудӣ ва эълони шитобкорона ва яктарафаи қазияҳои сарҳадӣ дар ВАО, ба манфиати дарки дурусти масъала ва эҷоди боварии тарафайн хизмат нахоҳад кард.

Намояндагони Хадамоти марзбонии КДАМ ҶҚ бар хилофи банди 6-уми Протоколи мулоқоти роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии ҶТ ва ҶҚ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 05.06.2021 (Қарамиқ) ахбори бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқа нашударо паҳн намуданд.

Масъалаи зикргардида мавриди баррасӣ ва таҳқиқи  намояндагони расмии мақомоти дахлдори Тарафҳо қарор дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button