ВидеоДин ва боварҳоНуқтаи назарТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

КАЛИДИ ҶАННАТУ ҶАҲАННАМ ДАР ДАСТИ КИСТ? ДАР МАЗАММАТИ ОНҲОЕ, КИ ИДИГУЛ ҚОСИМЗОДАРО БА ДӮЗАХ “ФИРИСТОДАНД”

Идигул Қосимзода, вакили парлумон ва раиси собиқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар бемористони “Якум Советский” аз коронавирус ҷон бохт.

Азбаски исми Кумитаи занон дар замони роҳбарии ӯ бештар бо рейдҳои зидди занони ҳиҷобпӯш расонаӣ мешуд, нафарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ  марги раиси собиқи ин идора аз коронавирусро як навъ “ҷазои Илоҳӣ” унвон карда, изҳори хушҳолӣ кардаанд ва навиштанд, ки “ӯ рост ба Ҷаҳаннам хоҳад рафт.”

Яке аз нафароне, ки чандин сол бо Идигул Қосимзода, аз ҷумла дар Кумитаи занон кор кардааст ва ӯро аз наздик мешиносад, бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамос гирифт ва гуфт, аз ин  изҳори хушҳолиҳо ва “ҳукм” ва “фатво”-ҳое, ки дар бораи марҳум ва “рост ба Ҷаҳаннам хоҳад рафтанаш” мехонад, сахт ғамгин шудааст. Ӯ мегӯяд, бисёриҳо Идигул Қосимзода ношинохта, ба вай тамғаи “исламбадбин”, “душмани сатру ҳиҷоб” ва ҳатто “кофир” мезананд.

“Бубинед, муаллима дар пушташ ягон пуштибони бақувват надошт ва азбаски аз ҷинси латиф ҳам буд, аз мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ сахт метарсид. Онҳо аз ин сӯиистифода мекарданд. Бисёр вақт чунин мешуд, ки ҳатто як ҷавони тоза ба амният ба кор даромада, ба пешаш медаромаду фармон медод, ки чанд коргар ҷудо кунад, бояд рейд гузаронанд. Ӯ не гуфта наметавонист, метарсид, қабул мекард. Ба далели иродаи сусту ҷасорат надоштанаш дигар ин лейтенантчаҳо дари кабинети ӯро охӯрча карда буданд. Дар асл бечора ҳеҷ бадбиние на ба Ислом дошт, на ба мусулмонон ва на коре ба либосу рӯймоли мардум. Сиёсат чунин буд ва ӯ маҷбур буд зери ҳамин табли сиёсат бирақсад. Вагарна ҳама хуб медонанд, ки бо вуҷуди вазир шуданаш қариб ҳамеша куртаи тоҷикӣ дар тан дошт ва як зани суннатӣ буд”,  – нақл кард ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ин изҳори хушҳолиҳо ва “фатвоҳо”-и “ба Ҷаҳаннам фиристодан” дар вокуниш ба марги Идигул Қосимзода қисме аз корбаронро ҳатто дар миёни мухолифин нигарон ва нороҳат кардааст.

Аз ҷумла Темур Варқӣ, шоиру хабарнигор ва раҳбари Анҷумани дигарандешони тоҷик, як созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар Фейсбук навишт, ки ин хушҳолиҳо нисбат ба марги ин мансабдори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро қабул надорад. “Рақсидан дар болои ҷасад на аз лиҳози инсонӣ ва на аз лиҳози мусалмонӣ дуруст нест. Худованд рахматаш кунад”, навиштааст Темур Варқӣ.

Shodmon Shoimardov низ дар посух ба онҳое, ки Идигул Қосимзодаро ба Ҷаҳаннам “мефиристанд”, навиштааст: “Идигул Косимзода як зани точик ва эътикодмехвар буд. Инро хамчун фарде мегӯям,ки шахсан ӯро мешинохтам. Бисёр хонум ва модари меҳрубон ва аз ҳама муҳимтар хоксор ва заминӣ буд.

Як рӯз даъват кард ва гуфт, ки бачам мехоҳам дар ҳаққи гузаштагон як хатми Қуръон кунам. Гуфтам, мехонем ва хондам. Чун хонааш рафтем, хатто шавхараш хам як инсони бенихоят хоксор ва ба истилох домулло баромад. Ҳарфхое, ки ӯ перомуни сатру ҳиҷоб гуфта буд, сиёсӣ буданд, на эътиқодӣ.

Журналисти тоҷик Завқибек Саидаминӣ бо зикри хайр ва ёдоварӣ аз дидорҳояш бо Идигул Қосимова, ки бисёриҳоро, аз ҷумла Завқибекро бо меҳр “бачам” гуфта хитоб мекард, аз онҳое, ки бе ибо ин зани марҳумро ба Ҷаҳаннам “мефиристанд”, пурсидааст, ки оё кадоми онҳо калиди дарди Ҷаннату Ҷаҳаннамро дар даст доранд, ки ба ҷои Худованд чунин тасмим мегиранд?

“МУТААССИФОНА, аз дишаб хелеҳо ба худашон иҷозат доданд, то ба нафари фавтида бадгӯйӣ намоянду ӯро ба Ҷаҳаннам фиристанд! Гӯё ҳама фариштаанду дар даст роҳхати Ҷаннатро доранд! Ҳоло, ки ҳеҷ кадоми МО аз охири корамон огоҳ нестем! Ин ҳам дар ҳоле, ки МО МУСАЛМОНОН БОВАР ДОРЕМ, АЛЛОҲ РАҲМОНУ РАҲИМ АСТ ВА ТАВБАИ МОРО ТО ПЕШ АЗ ҶОН КАНДАН ҚАБУЛ МЕКУНАД! ВА БО ЯК АМАЛИ ШОИСТАИ МО МЕТАВОНАД ГУНАҲҲОИ МОРО БУБАХШАД! Биёед дар ҳаққи якдигар дуои ҳидояту мағфират кунему ба худамон иҷоза надиҳем, ки якеро ба Ҷаннату якеро ба Дӯзах «бифиристем», чун ҳоло аз оқибати кори худамон хабар надорем!

Аллоҳ апаи Идигулро раҳмат намояду амалҳои хайрашро, ки барои беваву бечорагон намуда буданд, дастгири Охираташ созад, Омин”, – навиштааст Завқибек Саидаминӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ман хайронам пас ин Кадар оятхои азобу ваид хитоб барои чикасоне хаст хама коро мекунан боз худро бечораву хоксор мехисобанд, боз мегуянд дар хакаш дуо кунед худованд ба пайгамбараш хитоб карда мегуянд дар хаки касонеки зиди амри Ман амал мекунанд дуои магфират наку, ва дар чои динар мефармояд ва шоистааст танхо аз худои кодиру шикастсноапзир бояд тарсид, рости бояд харякшас хаёти дунёву охирати худашро бисозад то хам дар дунёе вахам дар охират сарбаланд бошад ва хеч яке аз наздиконимо наметавонанд моро дар охират пуштибони кунанд, шояд дуои касе дар хакаш рафтабошад то чавонмарг шуд, делам ба касе месузад, ки то дилаш ба худаш сухта бошад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button