Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАН АЗ ҶАМОАТИ ОРИЁН ДУ ҲАМДЕҲААШРО БА МАБЛАҒИ 780 ҲАЗОР ФИРЕБ ДОДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ба шуъбаи милисаи Ҳисор бо ариза марди 58-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориён муроҷиат намудааст, ки соли 2020, зани 46-солаи сокини ҷамоати Ориён бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 300 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст ва то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Инчунин, худи ҳамин зан боз ба он гумонбар мешавад, ки бо ҳамин роҳ моҳи июли 2021, боз аз як марди 33-солаи сокини ҷамоати Ориён Ҳисор 480 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Тафтиши  ин ду қазия идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button